Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Аз борону барфи тар эҳтиёт кунед!
Чоп шуд: 13/11/2020 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 14 ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид боқӣ хоҳад монд. Дар водиҳо рӯзона боридани бороне, ки метавонад ба барфи тар гузарад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи шадид пешбинӣ шудааст.