Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳамоҳангсоз дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад. Кормандони КҲФ ҳамарӯза бо мақсади самаранок иҷро намудани вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ва наҷоти ҷони инсонҳо бо тамоми вазорату идораҳо ҳамкорӣ мекунанд.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба миёни идораҳо, инчунин наҷоти ҳаёти одамон, дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия, ки дар бинои Вазорати корҳои дохилӣ барои вилояти Хатлон баргузор шуд, панҷ нафар наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо ифтихорномаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Гуфтанист, ки чанде пештар ин кормандон мактабхони 17-соларо, ки мехост худкушӣ кунад, наҷот дода буданд.