Activities calendar

12 ноября 2020

Озмуни ҷумҳуриявии наққошии кӯдакон ҷамъбаст шуд (ВИДЕО)

Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии рассомии кӯдакон таҳти унвони "Мо ҷонибдори ҳаёти бехатар дар рӯи Замин ҳастем», ки бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид. Озмун дар доираи "Рӯзи байналмилалии коҳиши хатари офатҳои табиӣ" дар ҳамкорӣ бо телевизиони кӯдакон ва наврасони "Баҳористон", бо дастгирии молиявии Барномаи Рушди СММ ва Агентии Швейтсария оид ба...

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда: Борон то 15 ноябр хоҳад борид. Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон бориши борон  то 15 ноябри соли 2020 идома меёбад, ҳамзамон дар баландкӯҳҳо, махсусан дар баландиҳои зиёда аз 1200 метр ин борон ба барфи тар табдил меёбад. Шабона ва субҳгоҳон ҳавои сард дар минтақаҳои кӯҳӣ сабаби...

Намояндагони воситаҳои ахбор дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда чиро диданд? (ВИДЕО)

12 ноябри соли 2020 наздик ба 20 нафар аз ҷумлаи намояндагони воситаҳои ахбор дар доираи як барномае, ки Созмони ҷамъиятии “Хома” ташкил карда буд, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омаданд.

Барои ироаи иттилои комил дар бораи кори идораи наҷоти кишвар дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ... 

COVID-19: Ҳудудан 52,5 миллион гирифтор дар олам. Мувофиқи як таҳқиқот, шахсоне, ки Covid-19 доштанд, бештар ба мушкилоти равонӣ дучор мешаванд

12 ноябри соли ҷорӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам 52 миллиону 457 ҳазору 990 нафар эълон шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта боз 174 ҳазору 634 нафар мубталоёни нав ба қайд гирифта шуданд ва дар як шабонарӯз дар саросари олам аз ин беморӣ 3 047 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагони корона дар олам ба 1 миллиону  290 ҳазору 26 нафар расид.