12 ноябри соли ҷорӣ шумори гирифторон ба КОВИД-19 дар олам 52 миллиону 457 ҳазору 990 нафар эълон шуд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта боз 174 ҳазору 634 нафар мубталоёни нав ба қайд гирифта шуданд ва дар як шабонарӯз дар саросари олам аз ин беморӣ 3 047 нафар фавтиданд. Шумори ҷонбохтагони корона дар олам ба 1 миллиону 290 ҳазору 26 нафар расид. Ин манбаъ гуфт, ки то кунун 36 миллиону 687 ҳазору 958 нафар пурра муолиҷа шудаанд. Дар кулли кишварҳои дунё 95 252 бемори гирифтор ба корона дар ҳолати хеле вазнин қарор дорад.
Гирифторон ба коронавирус дар Тоҷикистон ба 11 456 нафар расида ва то кунун аз ин беморӣ 84 тан фавтидаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки то ба имрӯз 10811 (94,3%) нафар аз КОВИД-19 шифо ёфтаанд.
СММ умедвор аст кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкаткунандагони доимии талошҳо барои рафъи буҳрони коронавирус хоҳанд буд ва аз таҷрибаҳои худ дар мубориза бо КОВИД-19 нақл мекунанд.
Вазорати кишоварзии Олмон масунияти аксари ҳайвоноти хонагӣ дар баробарои вируси коронаро эълом кард. Сухан дар бораи муҳимтарин ҳайвоноти хонагии марбут ба ин кишвар, аз ҷумла мурғон ва хукҳо меравад.
Ҳукумати Эстония дар иртибот ба коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ хоҳад кард. Мақомоти давлатӣ ба кормандон тавсия медиҳанд, ки ба қадри имкон аз фосилаи дур кор кунанд, аз баргузории чорабиниҳои муштарак, инчунин ҳар гуна ҷашну маросимҳо дар ҷои кор даст кашанд. Ғайр аз он, шаҳрвандони Эстония бояд дар нақлиёт, ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин дар конфронсҳо, консертҳо, театрҳо ва кинотеатрҳо ниқобҳои тиббӣ пӯшанд.
Президенти Русия Владимир Путин эълом дошт, ки сеюмин воксани Русия алайҳи коронавирус дар ояндаи наздик ба қайд гирифта мешавад. Путин таъкид кард, ки таҳқиқот аллакай нишон дод ва тасдиқ намуд, ки ин воксанҳо бехатар мебошанд, истифода аз онҳо оқибатҳои хатарнок ба саломатӣ надорад. Вай афзуд, ки ҳамаи воксанҳо самаранок будани худро исбот карданд.
Воксане, ки ахиран аз ҷониби ширкатҳои дорусозии Pfizer ва BioNTech таҳия шудааст, ҳангоми санҷиш дар ихтиёриён 90% самаранок буд - ба ибораи дигар, аз ҳар 10 нафар эмшудагон 9 нафарашон дигар бемор намешаванд. Pfizer воксанҳои тавлидшударо аз марказҳояш дар ИМА, Олмон ва Белгия аз тариқи ҳавопаймо ва нақлиёти заминӣ интиқол медиҳад.
Комиссияи Аврупо ба қоидаҳои соҳаи тандурустӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо тағйирот пешниҳод намуд, ки имкон медиҳад бо сабабҳои тиббӣ ҳолатҳои фавқулода ҷорӣ кунад ва омодагии кишварҳоро дар мубориза бо ҳамагирӣ санҷад.
Олмон аз афзоиши маргумир аз КОВИД-19 аз моҳи апрели соли ҷорӣ хабар дод.
Мувофиқи як таҳқиқот, шахсоне, ки Covid-19 доштанд, бештар ба мушкилоти равонӣ дучор мешаванд, ки дар натиҷаи он 20% гирифторони коронавирус дар давоми 90 рӯз ихтилоли рӯҳӣ пайдо мекунанд.
Сумия Сваминатан - сарходими илмии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба ин назар аст, ки барои бартараф намудани хатари гирифторӣ ба коронавирус бояд ҳаддиақал 70% сокинони Сайёра эм карда шаванд.
Дар Алҷазоир зарфи шабонарӯзи гузашта 811 нафар ба коронавируси нав мубтало шуданд.
Дар як шабонарӯзи гузашта дар 85 минтақаи Русия 19 851 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуд. Татяна Голикова – ноиби сарвазири Русия гуфтааст, ки вазъ дар сирояти ин вирус ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мондааст.
Зарфи 24 соати гузашта дар Қазоқистон боз 568 нафар ба коронавирус сироят шуданд. То ин замон дар ин кишвар 117 904 нафар чун мубтало ба КОВИД-19 сабт шудаанд.
Мақомоти Швейтсария барои дастгирии 6 ҳазор шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар 23 бинои навсохт дар пойтахти ин кишвар шаҳрҳои Бишкек ва Ош ғайриқонунӣ иқомат доранд, 5 миллион сом (4 миллиону 530 ҳазор рубл) ҷудо кард.
Шумори гирифторон ба коронавиус дар Ӯзбекистон ба 69 244 нафар расидааст. То кунун аз ин беморӣ дар кишвари ҳамсоя 592 нафар фавтиданд.