Activities calendar

21 ноября 2020

Наҷотбахшони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе як сагро аз чоҳи умқаш то 5 метр берун оварданд

Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд.

Ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтах уттофоқ афтодааст. Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфт, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун... 

Ширкат дар барномаи мустақими радиои “Имрӯз”

20 ноябри соли 2020 бо мақсади татбиқи минбаъдаи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030" кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пахши мустақими радиои "Имрӯз" ширкат варзиданд. Онҳо дар мавзӯъҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирӣ аз он ва ҳамчунин барномаҳои коҳиши хатари офатҳо ба суолҳои шунавандагон ва ровиён посух доданд.

Ду давраи омӯзишӣ ба поён расид. Кормандони омӯзишдидаи КҲФ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд (ВИДЕО)

20 ноябри соли 2020 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои ду давраи омӯзишӣ барои шӯъбаҳои Кумита ҷамъбаст карда шуданд, ки дар он роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.

Covid-19: Шумори гирифторон ба 58 миллион наздик мешавад. Бори аввал дар Русия дар як шабонарӯз беш аз 24 ҳазор гирифтори нав ба КОВИД-19 сабт шудааст

Субҳи имрӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори умумии гириторон ба коронавирусро 57 миллиону 910 ҳазору 511 нафар эълон кард. Ин манбаъ гуфт, ки шабонарӯзи гузашта 175 ҳазору 988 нафари дигар чун мубтало сабт шуданд ва шумори фавтидагон дар 24 соати сипаришуда 4 ҳазору 499 нафар буд. Аз оғози ҳамагирӣ дар олам 1 миллиону 377 ҳазору 745 нафар ҷони худро аз даст доданд.