20 ноябри соли 2020 дар Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаҳои ду давраи омӯзишӣ барои шӯъбаҳои Кумита ҷамъбаст карда шуданд, ки дар он роҳбари Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва роҳбарони як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат варзиданд.
Аз ҷумла, маросими анҷоми марҳилаи дуюми давраҳои омӯзишӣ барои воҳидҳои наҷоти Кумита, ки бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо ва Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ташкил шудааст, баргузор гардид.
Дар маросими анҷоми давраи омӯзишӣ Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода генерал-лейтенант Рустам Назарзода, роҳбари Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ҷаноби Валериу Кивери ва Мушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва иқтисодии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҷаноби Нилс Ҷанссон ширкат варзиданд.
Зимни суханронии худ Раиси КҲФ ба ташкилкунандагони давраҳои омӯзишӣ ва мураббиён, ки таҷрибаи худро ба мутахассисони ҷавони КҲФ меомӯзонанд, изҳори сипос кард. Вай инчунин ибрози умедворӣ намуд, ки малакаҳои ҳосилшуда самараи амалиёти наҷотро дар оянда боз ҳам афзоиш хоҳанд дод.
Дар навбати худ, роҳбарияти Иттиҳоди Аврупо ва САҲА изҳор доштанд, ки онҳо минбаъд низ барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда саъй хоҳанд кард.
Тавре қаблан хабар дода будем, дар доираи татбиқи минбаъдаи "Лоиҳаи миллии идораи хатари офатҳои табиӣ", ки байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси КҲФ ва БОР намояндагӣ мекунанд, амалӣ карда мешавад, барои кормандони хадамоти зидди жолаи КҲФ давраи омӯзишии барномаҳои компютерӣ ташкил карда шуданд.
Натиҷаҳои давраҳои омӯзиширо ҷамъбаст намуда, Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода бори дигар ба аҳамияти донишҳои андӯхта таъкид намуда, даъват ба амал овард, ки онро барои беҳтар намудани ҳифзи зироатҳо ва аҳолӣ аз офатҳои табиӣ истифода баранд.
Ба иштирокчиёни тренинг шаҳодатномаҳо супорида шуданд.