Activities calendar

24 ноября 2020

Таҷлили Рӯзи Парчами миллӣ дар Раёсату шуъбаҳои минтақавии Кумита

Дар толори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо иштироки афсарони Раёсат ҷамъомади идона таҳти унвони “Парчамдорӣ - Ватандорист" бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст муовини сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковник Ширинҷон Собирзода

Оғози як давраи омӯзишии чоррӯзаи онлайн барои кормандони КҲФ

Дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд  «Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ» дар заминаи Маркази таълимию методии ҷумҳуриявӣ, дарсҳои онлайнии назариявӣ ва амалӣ барои хидматҳои инфиродии КҲФ оғоз гардиданд.

Хабари шабонарӯзи гузашта. Марги як марди 27-сола, ки дар чоҳ афтода буд. Наҷоти як гурба аз зери оҳани лавҳи барқ

Як марди 27-сола, сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба сабаби номаълум ба чоҳи умқаш 12 метр сарозер шудааст. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодиса бегоҳии рӯзи 23 ноябри соли равон дар қаламрави ҷамоати Турсун Улҷабоеви ноҳияи ёдшуда рух додааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Ҳавои сарду боронӣ то 27 ноябр боқӣ мемонад. Эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст. Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар  то 27 ноябри соли 2020 борон ва дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо боридани барфи зиёд дар назар аст. Дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Чанок, Душанбе-Ваҳдат-Ляхш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Кӯлоб, Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ,

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ҳамватанони азиз!

Парчам яке аз рамзҳои асосиву муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мардуми шарифи Тоҷикистон ҳар сол санаи қабули онро бо ҳисси ифтихор аз Ватани муқаддаси худ ва давлати соҳибистиқлоли хеш таҷлил менамоянд. Ба ифтихори ин санаи таърихӣ кулли ҳамватанони азизамонро табрик гуфта, орзумандам, ки парчами давлати соҳибистиқлоламон дар фазои Тоҷикистони маҳбубамон то абад парафшон бошад.

COVID-19: Марг бар асари коронавирус дар олам ба 1,5 миллион наздик мешавад. Шумори мубталоён дар Ӯзбекистон ба 71 774 нафар расидааст

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 59 миллиону 514 ҳазору 826 нафар эълон кард. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 160 ҳазору 325 нафар сироят шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам аз КОВИД-19 1 миллиону 402 ҳазору 028 нафар ҷон бохтаанд. Шумори фавтидагон дар шабонарӯзи гузашта 2 221  нафар гуфта шудааст. Бино ба омори ин манбаъ то кунун 41 миллиону...