Як марди 27-сола, сокини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ба сабаби номаълум ба чоҳи умқаш 12 метр сарозер шудааст. Бино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ҳодиса бегоҳии рӯзи 23 ноябри соли равон дар қаламрави ҷамоати Турсун Улҷабоеви ноҳияи ёдшуда рух додааст.
Дастаи наҷотдиҳандагон ба муҷарради дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса расиданд. Онҳо ҳамроҳ бо кормандони Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Спитамен ва аҳолии маҳаллӣ дастбакор шуданд. Кормандони Кумита бо истифода аз таҷҳизоти кӯҳгардӣ ба чоҳи умқаш 12 метр поин шуданд. Дар қаъри чоҳ ҷасади мард пайдо шуд. Вай аз захми расида ба сар ва дигар аъзои баданаш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида буд.
Ҷасади мард ба кормандони Шуъбаи ВКД дар Спитамен супурда шуд.
Ҷузъиёти афтодани мард ба чоҳ мълум нест. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қазияро таҳқиқ мекунанд.
Дирӯз ҳамчунин як сокини ноҳияи Фирдавсии пойтахт ба қисми навбатдории КҲФ занг зад ва хоҳиш кард, ки барои наҷоти як гурба ёрӣ расонанд. Ӯ мегуяд, ки гурбаи хурдакаке зери оҳани лавҳи барқ мондаву наметавонад берун раҳад.
Кормандони имдод аз Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса расиданд ва аввал барои эҳтиёт қувваи барқро ҷудо карданд, сипас гурбаи тарсхӯрдаро аз зери оҳани лавҳи барқ берун оварданд.
Гурба ниёзе ба ёрии байторӣ надошт.