Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шумори гирифторон ба коронавирус дар оламро 59 миллиону 514 ҳазору 826 нафар эълон кард. Зарфи як шабонарӯзи гузашта боз 160 ҳазору 325 нафар сироят шудаанд. Аз аввали ҳамагирӣ дар олам аз КОВИД-19 1 миллиону 402 ҳазору 028 нафар ҷон бохтаанд. Шумори фавтидагон дар шабонарӯзи гузашта 2 221 нафар гуфта шудааст. Бино ба омори ин манбаъ то кунун 41 миллиону 156 ҳазору 663 муолиҷа шудаанд ва ҳамин лаҳзаҳо 103 ҳазору 639 нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон шумори мубталоён ба коронавирус дар кишварро 11932 нафар эълон кард. Бино ба омори ин манбаъ, ки шоми гузашта расонаӣ шуд, дар шабонарӯзи гузашта боз 38 нафар гирифтори нав сабт шудааст. Аз ин бемории ҳамагир то кунун 11312 (94,8%) нафар муолиҷа шуда, 86 нафар ҷон бохтаанд.
Тедрос Аданом Гебрейесус – Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор дошт, ки навгониҳои ахир дар мавриди воксани коронавирус умедҳои пирӯзиро бар COVID-19 зинда мекунад. Сарвари ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ ёдовар шуд, ки ҷомеаи илмии олам “стандартҳои нави воксан зидди коронавирусро” таҳия кард ва ҳоло бояд “стандартҳои нави дастрасӣ ба он” низ таҳия шаванд.
Британияи Кабир эълон кард, ки дар ин кишвар эмкунӣ бар зидди короонвирус ихтиёрӣ сурат хоҳад гирифт.
Ҷумҳурии Чех, ки 10,7 миллион ҷамъият дорад, то охири соли равон барои 5,5 миллион сокини худ воксан дарёфт хоҳад кард.
Дар Лаҳистон сар аз 28 ноябри соли равон мағозаҳо ва марказҳои савдо фаъолияти худро аз сар мегиранд, вале ба шарти қабули маҳдуди харидорон. Муассисаҳои дигар на пештар аз ҷашни милоди Исо боз хоҳанд шуд.
Ҳукуматдорони Арабистони Саудӣ гуфтанд, ки аҳолии кишварашонро ройгон бо воксан зидди коронавирус таъмин хоҳанд кард. Подшоҳии Арабистон метавонад “миқдори кофии воксан зидди коронаро ба даст оварад ва то охири соли 2021 79% аҳолӣ бо он таъмин шаванд”
Кобинаи вазирони Таиланд ба қароре омад, ки низоми ҳолати фавқулодаро, ки дар кишвар барои коҳиши сироят ба коронавирус эълон шуда буд, боз якуним моҳ – то 15 январи соли 2021тамдид кунад.
ЮНИСЕФ хабар дод, ки соли 2021 қариб 2 миллиард вояи истифодаи воксан ба кишварҳои рӯ ба рушд фиристода хоҳад шуд. Ин созмон гуфт, ки анҷоми ин кор ҳам осону сода нахоҳад буд ва мушкилоти худро дорад.
Бори аввал аз замони ҳамагирӣ дар Русия шумори мубталоён ба COVID-19 дар як шабонарӯз аз 25 ҳазор (25 173) гузашт ва қариб аз чор як ҳиссаи онҳо аломати вирус надоштанд.
Зарфи 24 соати сипаришуда Қазоқистон боз 716 сироятшудаи навро сабт кард. Дар ин кишвар як силсила мутатсияи коронавирус низ ошкор шудааст, ки ҳоло олимон саргарми омӯзиши онанд.
Қирғизистон аз сирояти боз 304 нафар дар як шабонарӯз хабар дод.
Ҳукумати Ӯзбекистон хабар дод, ки шумори гирифторон ба КОВИД – 19 дар кишвар ба 71 774 расидааст. Аз ин беморӣ аз оғоз то кунун 604 нафар фавтидаанд.