Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад: Ҳавои сарду боронӣ то 27 ноябр боқӣ мемонад. Эҳтимоли лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳӣ зиёд аст. Эҳтиёт кунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар  то 27 ноябри соли 2020 борон ва дар доманакӯҳҳо ва кӯҳҳо боридани барфи зиёд дар назар аст. Дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Чанок, Душанбе-Ваҳдат-Ляхш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Кӯлоб, Шоҳин-Дарвоз, Ванҷ-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим-Мурғоб аз сардии ҳавову бориши барфу борон эҳтимоли яхбандӣ вуҷуд дорад, дар баъзе аз қитъаҳои хавфнок ғарами барф ва ҳатто лағзиши эҳтимолии тарма низ аз эҳтимол дур нест.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолӣ даъват менамояд, ки аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, рафтан ба минтақаҳое, ки хавфи лағзиши тарма доранд, худдорӣ намоянд.

Ронандагон қабл аз сафари роҳи дур мошинҳои худро пурра аз назар гузаронанд ва лавозимотеро, ки барои ҳавои сарду боришҳои пайваста лозиманд, бо худ бигиранд. Чархҳои мошинҳои худро бо чархҳои зимистонӣ иваз намоянд. 

Ронандагон бояд ҳатман эҳтиёткор бошанд, фосилаи ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиро ҷиддан риоя кунанд, суръати ҳаракатро ба ҳеч ваҷҳ боло набаранд, чун саросемакорӣ ҳамеша паёмадҳои фоҷеавӣ дорад. Бахусус ҳангоми борону барф, ки маъмулан дар кӯҳҳо бо тумани торик ҳамроҳ меояд, хавф бештар аст.

Эҳтиёт кунед ва ҷони худу ҳамроҳонатонро дар хатар наяндозед!

барчасп: