20 ноябри соли 2020 бо мақсади татбиқи минбаъдаи "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030" кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар пахши мустақими радиои "Имрӯз" ширкат варзиданд. Онҳо дар мавзӯъҳои вобаста ба ҳолатҳои фавқулодда ва пешгирӣ аз он ва ҳамчунин барномаҳои коҳиши хатари офатҳо ба суолҳои шунавандагон ва ровиён посух доданд.
Дар тӯли 1,5 соати пахши мустақим дар бораи натиҷаҳои кори шӯъбаи наҷот, ҳамкориҳои байналмилалӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, инчунин кори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда оид ба пешгирии паҳншавии сирояти коронавирус иттилоот пешниҳод карда шуд.
Дар посух ба суолҳои шунавандагони радио кормандони идораи наҷоти кишвар дар бораи кори воҳидҳои наҷот, таҷҳизоти техникии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, чӣ гуна бо рақами ягонаи наҷот ва қисми навбатдории Кумита тамос гирифтан муфассал суҳбат карданд.