Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки 14 ноябри соли 2020 дар ҷумҳурӣ ҳаво номусоид боқӣ хоҳад монд. Дар водиҳо рӯзона боридани бороне, ки метавонад ба барфи тар гузарад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барфи шадид пешбинӣ шудааст.
Рӯзҳои 14-15 ноябри соли 2020 дар баъзе ноҳияҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ туман дар назар аст. Аз сабаби боридани борони шадид дар минтақаҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон, мумкин аст дар баъзе минтақаву маҳалҳо сел ояд.
Дар ҳамин иртибот КҲФ аз сокинони минтақаҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон даъват мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд, дар чунин рӯзҳо аз чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум худдорӣ кунанд.
Сокинон бояд ба кӯдакон бештар диққат диҳанд, онҳоро беназорат нагузоранд.
Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар ағбаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ ниҳоят эҳтиёткор бошанд, ҳамаи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳоро риоя кунанд.