13 ноябри соли 2020 дар олам 53 миллиону 091 ҳазору 981 нафар чун гирифтор ба Covid-19 сабт шудааст. Аз ин беморӣ то кунун 1 миллиону 299 ҳазору 407 нафар фавтидаанд. Дар шабонарӯз дар олам 141 ҳазору 596 нафар сироятшудаи нав ба қайд гирифта шуда, 2 854 нафар фавтидаанд. Шумори муолиҷашудагон 37 миллиону 212 ҳазору 856 нафар эълон шуда ва гуфта мешавад, ки 95 ҳазору 735 нафар дар ҳоли вазнин қарор доранд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон хабар дод, ки шабонарӯзи гузашта дар кишвар 40 нафар мубталои нав сабт шуда, теъдоди умумии гирифторон ба КОВИД-19 ба 11 496 нафар расидааст. Аз ин миқдор 10853 (94,4%) нафар муолиҷа шудаанд ва 84 нафар фавтидаанд.
Сабти рекордии гирифторон ба коронавирус дар Британияи Кабир аз оғози пандемия: 33,4 ҳазор назар дар як шабонарӯз.
Дар Олмон зарфи як шабонарӯзи гузашта 21,8 ҳазор нафарро чун мубтало ба КОВИД-19 ба қайд гирифтанд. Ин тақрибан ҳазор нафар бештар аз як рӯзи пеш буд. Дар ин кишвар аз ин беморӣ зарфи 24 соати гузашта 215 нафар фавтидаанд.
Аз оғози пандемия то кунун дар Испания беш аз 1,4 (1484868) нафар чун сироятшуда ба коронавирус сабт шуда ва шумори фавтидагон 40461 нафар эълон шудааст.
Парламони Сербистон рӯзи панҷшанбе қонун дар бораи ҷаримаи касоне, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, қабул намуд. Ҳар нафаре қонунро риоя намекунад то 5 ҳазор динор (42 евро) ҷарима мешавад. Мутасаддиёни риояи қоидаҳои беҳдоштӣ то 30 ҳазор длинор (254 евро) ҷарима хоҳанд шуд. Барои шахсони ҳуқуқӣ пардохти 300 ҳазор дино (2 540 евро) барои таъмин накардани риояи ҳифозати шахсӣ пешбинӣ шудааст ва тибқи ҳамин модда соҳибкорон 150 ҳазор динор (1 270 евро) ҷарима месупоранд.
Ҳукуматдорони Чин тасмим гирифтанд ба муддати чор ҳафта парвози ҳавопаймоҳои ширкати Air China бо хатсайри Москав – Ланчжоу боздоранд. Сабаби ин ошкор шудани як шахси мубтало ба коронавирус дар ин хатсайр гуфта шудааст.
Маҳдудиятҳои тоза дар пойтахти Белорусия шаҳри Минск: Доштани ниқоб дар нақлиёти ҷамъиятӣ, метро, таксиҳо ҳатмӣ шуд.
Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус изҳор дошт, ки одамон бояд бо ҷиддият кулли қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд. “Эҳтимолан мо хаста шудем, вале КОВИД-19 аз мо хаста нашудааст”,-гуфт ӯ.
Рӯзи 11 нобяри соли равон ин созмони ҷаҳонӣ хотиррасон кард, ки гирифторӣ ба грипп ва КОВИД-19 нишонаҳои ҳамсон доранд, аммо баъди мубтало шудан ба коронавирус одам ҳисси тамъу маззаро аз даст медиҳад.
Шабонарӯзи гузашта дар Русия боз 21 608 ҳодисаи мубтало шудан ба коронавирус ба қайд гирифта шуд ва аз ин беморӣ 439 нафар фавтиданд.
Дар Қазоқистон 587 гирифтори нав ба вируси корона сабт шудааст.
Дар Қирғизистон аз аввали пандемия 64 887 ҳодисаи мубтало шудани афрод ба коронавирус сабт шуда ва аз он 1 193 нафар ҷон додаанд.
Шумори гирифторон ба коронавирус дар Ӯзбекистон ба 69 560 нафар расида ва 593 нафар аз он фавтидаанд.