Коршиносони Созмони Милали Муттаҳид ба ин назаранд, ки КОВИД-19 зарфи ду соли оянда ҳудуди 9 трилион доллар харҷ рӯйи дасти кишварҳои олам хоҳад гузошт. Онҳо афзоиши эпидемияҳое чун КОВИД-19-ро ба кишоварзӣ, чорвопарварии нопойдор, боло рафтани талабот ба гӯшт ва паёмадҳои гармоиши замин рабт медиҳанд. Онҳо ҳамчунин гуфтаанд, ки ҳар сол бар асари бемориҳои муштараки инсон ва ҳайвон дар саросари олам зиёда аз 2 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд ва ҳазорон миллиард доллар ба иқтисоди ҷаҳон зарба мезанад. Аз ҷумла барои раҳоӣ аз ҳамагирии вируси нави корона оламиён 9 трилион доллар харҷ хоҳанд кард.
Аз ин пештар ҳам ҷаҳон шоҳиди сирояти вирусҳои ҳайвон ба инсон шуда буд, аз ҷумла эпидемияҳои эбола, САРС буд, ки онҳо низ аз ҳайвон ба инсон гузашта буданд. Яъне коронавируси КОВИД-19 ҳодисаи эпидемии наве нест, ки муштарак миёни одамон ва ҳайвонот бошад.
Бино ба гузориши нави барномаи муҳити зисти СММ ва Институти пажӯҳишҳои ҳайвонот афзоиши бемориҳои муштараки инсон ва ҳайвон бо дастдарозии инсон ба муҳити зист, эрозияи замин, афзоиши истихроҷи захираҳои табиӣ, падидаи гармоиши Замин ва истеъмори олами ҳайвонот аз сӯи инсон марбут аст.
Игнер Андерсон – Дабири кулл ва мудири иҷроияи барномаи муҳити зисти СММ гуфтааст: “Тайи як қарни гузашта мо дастикам 6 ҳамагирии бузурги вируси корона доштем. Танҳо дар 20 соли охир ва пеш аз оғози ҳамагирии КОВИД-19 бемориҳои муштарак миёни инсон ва ҳайвон ҳудуди 100 миллиард доллар ба иқтисоди ҷаҳон осеб ворид кардааст”.
Ин соҳибмақоми СММ мегӯяд: “Дар кишвраҳои камдаромад ё бо даромади миёна солона ду миллион нафар ба асари бемориҳои муштарак миёни инсон ва ҳайвон мемиранд; бемориҳое чун ҳорӣ, сиёҳзахм ва сили говӣ аз ин намунаҳо ҳастанд”.
Хонум Андерсон ба ин назар аст, ки аз ин вирусҳо ва ҳамагириҳо ҷомеаҳои рушднаёфта осеби бештар мебинанд. Онҳо вобастагии шадид ба ҳайвонот ва гӯшти вай доранд. 50 соли ахир саноати истеҳсоли гӯшт 260 дарсад рушд доштааст. Кишоварзӣ рушд ёфтааст, истихроҷи манбаҳои дигар афзудаанд ва ҳамаи инҳо муҷиби дастдарозии инсон ба муҳити зисти ҳайвоноти ваҳшӣ шудааст.
Хонум Андерсон гуфтааст: Илм бо сароҳат ба мо нишон дода, ки агар ба истисмори ҳаёти ваҳшӣ ва нобудии экосистемҳо идома диҳем, бояд нтизор дошта бошем, ки бемориҳои гузаранда аз ҳайвонот ба инсон рӯ ба афзоиш меорад ва он назар ба солҳои пеш бештар хоҳад афзуд. Барои пешгирӣ аз ҳамагириҳои оянда бояд хеле эҳтиёткоронатар бо муҳити зист бархӯрд намуд ва барои ҳифозат аз он иқдом карда шавад.
Манбаъ: ВВС
ВА БОЗ ДАР ИН БОРА: