ПАЖӮҲИШ: Моҳиҳои оби ширини ҷаҳон ба фалокати фоҷеаборе рӯ ба рӯ ҳастанд

Як гузориши тоза ҳушдор медиҳад, ки  хатари офати “фоҷеабор” моҳиҳои обҳои ширинро таҳдид мекунад, ба ҳадде ки тақрибан як саввум аз онҳо дар ҳоли нобуд шудан ҳастанд. Гурӯҳҳои фаъоли ҳифозат аз муҳити зист мегӯянд, ки инқирози 80 гуна аз ин моҳиҳо тайид шудааст, ки 16 мавриди онҳо фақат дар як соли ахир иттифоқ уфтодааст. Миллионҳо нафар дар саросари олам барои таъмини зиндагии худу фарзандонашон ба моҳидорӣ машғуланд. Яъне, моҳиҳо сарчашмаи ризқи фаровони зиндагӣ барои бахше аз мардуми Сайёра мебошанд.

Аммо шумори ин моҳиҳо ба далели фишорҳое ба мисли олудагӣ, сайди беандешаву бе  риояи ҳар гуна қонуну қоида, садсозӣ ва холӣ кардани оби рӯдхонаҳо ба шиддат коҳиш ёфтааст.

Ин гузориш мегӯяд, ки дар 50 соли охир се чаҳорум ҷамъияти моҳиҳои  муҳоҷир нобуд шудааст. Дар ҳамин муддат ҷамъияти гунаҳои  бузургтар, масали тосмоҳиҳо 94 дарсад кам шудааст.

ВВС, ки гузориши интишорёфтаро хулоса мекард, навиштааст: Ин гузориш таҳти унвони “Моҳиҳои фаромӯшшудаи ҷаҳон”-ро 16 гурӯҳи  ҳифозат аз муҳити зист аз ҷумла “Анҷумани ҷонваршиносони Лондон”, Созмони ҷаҳонии ҳифозат аз ҳаёти ваҳшӣ ва Ҳифозат аз табиат таҳия кардаанд. 

Дар обҳои ширини Британия тосмоҳиҳо ва моҳиҳои ришдор нопадид шудаанд ва озодмоҳиҳо дар ҳоли нопадид шудан мебошанд, моҳиҳои аврупоӣ бошанд дар ҳоли хатари шадиди нобудӣ қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки як сабаби ин ҳолати фоҷеабор ба вазъи рӯдхонаҳо вобаста аст, ки инсонҳо хеле олуда кардаанд, саддҳо гузоштаанд ва басо берабту низом ва бидуни қоида моҳигирӣ мекунанд.

МАТОЛИБИ ҲАМСОН: