Тамрини маҷмуъии иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар соли 2022 оид ба ҳолатҳои фавқулода дар қаламрави шаҳри Турсунзода се рӯз дар се марҳила идома дошт. Дар рафти чорабиниҳо ҳолати ҳуҷҷатгузорӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, омодагии Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳр, ҷузъу томҳои наҷотдиҳии ғайриҳарбӣ ба эвакуатсия, наҷот додани одамон дар ҳолатҳои фавқулодда санҷида шуд.
Пас аз фаъол шудани системаи огоҳкунӣ, хадамоти фаврии шаҳр ба ҷойи эҳтимолии рух додани ҳодисаи фавқулода ҷамъ омаданд. Дар натиҷа паёмадҳои ҳодиса фаврӣ ва зуд бартараф карда шуданд.
Дар рафти машқҳо масъалаҳои омодагии мақомоти мудофиаи граждании шаҳр, фармондеҳон ва ҳайати шахсии хадамоти наҷоти шаҳр баррасӣ гардиданд. Дар маҷмуъ беш аз 500 нафар ва беш аз 25 адад техника ба омӯзиш ҷалб карда шуд.
«Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо такмил ва санҷиши омодагии қувваҳо ва воситаҳое мебошад, ки амнияти аҳолиро дар ҳолати фавқулодда таъмин мекунанд”, - гуфт полковник Қурбонов И.
Қобили зикр аст, ки дар доираи машқ бо муовинони роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шахсони мансабдори ваколатдори соҳаи мудофиаи гражданӣ ва ҳифзи аҳолӣ машғулиятҳои таълимию методӣ гузаронида шуданд.