Созмони ҷаҳонии тандурустӣ хуруҷи бемории обилаи маймунро як ҳолати фавқулодаи умумиҷаҳонии тандурустӣ эълон кардааст. Ин ҳамон ҳолатест, ки созмони ёдшуда метавонад эпидемия ё пандемия эълон кунад.
Тедрос Аданом Гебреисус ахиран эълон кард, ки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ баъди таҳлили оморҳои ахири гирифторӣ ба бемории обилаи маймун ба чунин хулоса омад. Вай гуфт, ки то кунун бештар аз 16 ҳазор ҳодисаи гирифторӣ дар 47 кишвари олам ба қайд гирифта шудааст.
Сарвари созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебреисус гуфт, ки ин созмон тибқи панҷ меъёри санҷиш ҳолати фавқулода эълон мекунад, ки яке аз он суръати паҳн шудани беморист. Вай изҳор дошт,ки ҳоло обилаи маймун ҳатто дар кишварҳое дида шудааст, ки пештар нишоне аз он вуҷуд надошт.
Сарвари Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунин гуфт, ки хатари сироят ба обилаи маймун дар минтақаҳои мухталифи сайёра гуногун аст. Ин созмон ҳамчунин мегӯяд сироят дар Аврупо ба ҳадди болост ва дар қитъаоти дигар миёна аст.
Дар айни замон СҶТ чор маҷмуъи тавсияҳо дар мубориза бо обилаи маймунро таҳия кардааст. Ин созмон ба кишварҳо ва ҳукуматҳо маслиҳат додааст, ки барои пешигирӣ аз густариши ин беморӣ дастбакор шаванд.