Гармои шадид дар Аврупо, обхезиву селҳо дар Осиё ва хушксолӣ дар Африқо

Мавҷи гармо ва сӯхтори ҷангал дар Аврупо хабарсозтарин рӯйдоди рӯзҳои ахир буд. Бахусус оташсӯзии ҷангал ва маргумир аз ин ҳодисаҳо дар сархати хабарҳои расонаҳои машҳури олам қарор гирифтааст.  Мо дар бораи дамои бесобиқа дар Испания, Португалия, Юнон, Британияи Кабир ппештар матлабе интишор дода будем.

Аммо Аврупо ягона қорае нест, ки аз ҳарорати баланди ҳаво бешаҳояш оташ гиранд. Ин шабу рӯз болоравии дамо, сӯхтор дар ҷангалҳо, омадани селҳои харобкору обхезиҳо дар дигар гӯшаву канори олам низ зиёданд.

Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ ба ин назар аст, ки рӯзҳои оянда мизони борандагӣ дар бахшҳое Осиё аз назари шиддат ва фаровонӣ афзоши пайдо кунад. Аз ҷумла ҳукумати Бангладеш ахиран иттилоъ дод, ки бадтарин селҳо аз соли 2004 дар ин кишвар ба қайд гирифта шудааст. Ин хабар чандон хабари хубе нест, чун як бахши азими аҳолии ин кишвар маҳз дар минтақаҳое зиндагӣ мекунанд, ки ба сел осебпазиранд.

Ҳинд, Покистон ва Эрон низ аз ҷумлаи кишварҳое дар Осиё мебошанд,ки вақтҳои охир баландтарин шиддати гарморо таҷриба мекунанд. Ба навиштаи созмони ҳавошиносии Эрон рӯзе қабл дамо дар шаҳри Ободони ин кишвар 52,2 дараҷа гарм  буд. Ин болотарин сатҳи гармӣ дар Ободон ва кулли вилояти Хузистон дар 70 соли охир будааст.

Дар ҳамин ҳол аз хушксолӣ дар баъзе қисматҳои қораи Африқо гузориш шудааст. Масалан дар Сомалӣ, Ҷибутӣ, Эфиопия ва Кения ба хушксолии бесобиқа рӯбарӯянд.

 Бино ба гузориши СММ ҳамакнун дар ин минтақа ҳудуди 13 миллион нафар бо каммбуди об ва  маводи ғизоӣ рӯбарӯ шудаанд. 

барчасп: