Дар ҳангоми боло шудан ба кӯҳи оташфишони Ключевская сопка шаш нафар ҷони худро аз даст додаад. Пештар аз ин мақомоти маҳаллӣ аз ҳалокати 5 нафар гузориш дода буданд. Ҳоло ба ҷойи ҳодиса як чархбол бо имдодгарон фиристода шудааст, аммо ин наҷотдиҳандагон ҳам ниёз ба гузаронидани марҳилаҳои созгорӣ доранд, то тавонанд ба макони фоҷеа худро расонанд.
Ахиран РИА Новости истинодан ба мақомоти маҳаллӣ шумори ҳалокшудагонро 8 нафар эълон кард.
Ҳамаи ҳалокшудагон аъзои гурӯзи 12-нафарае мебошанд, ки қаблан барои расидан ба вулкани Ключевая сопка равон шуда буданд.
3-уми сентябр ин гардишгарон аз иртиқои 3,3 ҳазор метр ба боло ҳаракат карданд. Дар баландии назди ба 4,200 метр 5 нафар ба асари аз боло ба поин афтодан ҳалок шуданд ва каме баъдтар як нафари дигар ҳам ҷон бохт. Аммо субҳи имрӯз аз ҳалокати боз ду нафари дигар гузориш расид.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки пои як раҳнамо ҳам шикаста ва раҳнамои дуюм вазъи баамаломадаро ба Вазорати ҳолатҳои фавқулода расондааст.
Ду нафари дигар аз аъзои ин гурӯҳ ҳоло дар баландии 3300 метр мунтазири расиданаи имдодгарон мебошад. Боқимонда аъзои гурӯҳ дар иртиқои бештар аз 4000 метр боқӣ мондаанд.
Ин ҷаҳонгардон дигар наметавонад бо қувваи худ аз боло поён шаванд, чун баъди сафари дурудароз ва нарасидани оксиген хеле заъиф шудаанд, хабар медиҳад ширкати телевизионии “112”.
Маврид ба ёдоварист, ки вулкани Ключевский як оташфишони фаъоле мебошад, ки дар ҷанубу шарқии нимҷазираи Камчаткаи Русия қарор дорад. Ҳамзамон баландтарин кӯҳи ин нимҷазира ва баландтарин оташфишони фаъол дар Аврупо ба шумор меравад.
Баландии он аз 4750 то 4850 метр ва ҳатто бештар аз он аз сатҳи баҳр дигаргун мешавад. Дар айни замон баландии он 4800 метр аст.
Ин вулкан дар масофаи 60 км аз соҳил ҷойгир шудааст. Аз фаъолтаин вулканҳои олам дониста мешавад.