Соати 11:58 дақиқаи субҳи аввали сентябри соли 1923 дар минтақаи Конто-воқеъ дар кишвари Ҷопон рух додааст. Шиддати ин зилзила 7,9 балл будааст ва таконҳои замон аз 4 то 10 дақиқа идома доштааст.
Бар асари ин зилзила осебҳои густардае ба Токио, Юкуҳомо, Астон, Коногово, вилоятҳои Чибо, Комокуро ва саросари минтақаи Конто ворид шудааст.
Қувваи зилзила ба ҳадде будааст, ки дар асари он муҷассамаи бузурги Будо дар Комокуро, ки ба фосилаи 60 км аз маркази зилзила қарор дошта, вазни он 93 тонн бдааст, аз макони худ чанд метр дур афтодааст.
Дар Иокогам, ки 65 км аз маркази зилзила дур ҷой гирифтааст, бар асари такони шадид панҷ қисм аз биноҳо хароб шудаанд. Танҳо дар як майдони бузурги шаҳри Токио қариб 40 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.
Такони замин ва сӯхторҳои калон ниме аз биноҳои шаҳрро хароб карданд. Заминларза майдони наздик ба 56 ҳазор метри мураббаъро дар бар мегирифт. 11 ҳазор бино вайрон ва 59 ҳазор ба коми оташ рафт. Аз зарари камтар ба 11 шаҳри дигар низ хабар дода мешавад. Расман аз ҳалокати 142 ҳазор нафар ва бенишон гаштани 40 ҳазор нафар иттилоъ дарёфт шудааст.
Зиёда аз як миллион нафар бехонаву ҷо монданд. Шумори зарардидагон наздик ба 4 миллион нафар буданд. Зарари моддии расида дар заминларзаи Конто 4,5 миллаирд доллар арзёбӣ шуда буд, ки ин дар ҳамон замон ду буҷаи солонаи кишвар ва панҷ баробар бештар аз масрафи Ҷопон дар ҷанги Русияву Ҷопон (солҳои 1904-1905) буд.
Дар сӯхтори мавзеъҳои гуногун аз 675 360 пул сӯхта хокистар шуд, Токио аз ҳама биноҳои сангии худ маҳрум гардид.