Бар асари ярч дар як зиёратгоҳи шиъаён дар устони Карбалои Ироқ 4 нафар ба ҳалокат расидаанд. Расонаҳои ироқӣ ахиран хабар додаанд, ки ба имдодгарон муяссар шудааст, ки шаш нафарро аз зери вайронаҳо ва хоку лой наҷот диҳанд. Аммо манбаҳои дигар аз наҷоти ҷони 8 нафар хабар додаанд. Мақомот гуфтаанд, ки ҳанӯз теъдоде аз зоирини ин зиёратгоҳ, ки бо номи Чашмаи Имом Алӣ ёд мешавад, зери вайронаҳо мондаанд ва талошҳо барои наҷоти онҳо идома доранд.
Сабаби ин ҳодиса рутубати бесобиқа гуфта шудааст, ки теппаи рӯбарӯ лағжидаву боло сари зиёратгарон фоҷеа овардааст.
Барҳам Аҳмад Солеҳ, раисиҷумҳури Ироқ аз имдодгарон хостааст, хеле ба зудӣ боқимондаҳо зери вайронаҳоро наҷот диҳанд.
Зиёратгоҳи Чашмаи Имом Алӣ дар секилометрии шаҳри Карбало ҷой гирифтааст. Бино ба ривоятҳои шиъаён замоне Имом Алӣ (р) бо лашкариёнаш аз ин чашма об нӯшида буданд ва сабаби ба зиёратгоҳ табдил шудани он ҳамин ривоят аст.