106 сол пеш дар ҳамин рӯз Инфиҷори киштии “Малика Мария”

20 октябри соли 1916 киштии «Малика Мария» ҳангоми рейди Севастопол ним мил дуртар аз соҳил аз захираи борут дар он таркид ва 225 маллоҳи он якҷо бо киштӣ ғарқи об шуданд, 85 нафар бо тани захӣ аз об зинда берун омаданд. Ва баъдҳо чанд нафари дигари онҳо низ ҳалок шуданд. 

Бунёди ин киштӣ 11 июни соли 1911 ҳамзамон бо киштиҳои ҳамсони «Император Александр III” (Александри Сулҳталаб-подшоҳи Русия аз 13 марти соли  соли 1881 то ҳангоми  маргаш дар соли 1894) ва “Малика Екатеринаи Бузург” дар корхонаи киштисозии «Руссуд» дар шаҳри  Николаев оғоз гардид. Он ба шарафи ҳамсари Александри III маликаи Мария София Фредерик Дагмар ва барои поси хотири киштии гардишии Адмирал Нахимов чунин номида шуд. Аввали соли 1915 пурра сохта шуд ва 30-уми июни ҳамон сол рӯзона ба Севастопол расид.  

Тобистони соли 1916 бо қарори Сарфармондеҳи олии артиши император Николаи II флоти ҳарбӣ-баҳрии Баҳри Сиёҳро ноиби адмирал А.В.Колчак ба уҳда гирифт ва киштии “Малика Мария”-ро ба киштии фармондеҳии худ табдил дод ва сари чанд вақт бо он ба сафари баҳр мебаромад.

 20 октябри соли 1916 ҳангоми рейди Севастопол ним мил дуртар аз соҳил захираи борути киштӣ таркид ва он бо 225 маллоҳ ба қаъри об фурӯ рафт. Дар ин фоҷеа 85 нафар шадидан захмӣ шуданд. 

Колчак шахсан амалиёти наҷоти маллоҳонро сарварӣ кард. Аммо баъдтар ҳам комиссияи таъсисшуда сабабҳои аслии таркиш дар анбори борути киштиро муайян карда натавонист. Ин фарзияҳо чун сабаби таркиш баён шуданд: худ аз худ оташ гирифтани борут, беэҳтиётӣ дар истифодаи оташ ва ё бо худи борут ва ниҳоят харобкорӣ, амали қасдан инфиҷор додани киштӣ. Аммо ба ҳар ҳол ду сабаби аввалро камаҳамият донистанд ва бештар рӯи амали барқасдона, ки имрӯз ба истилоҳи терроризм ва ҳаросафканӣ ёд мешавад, тамаркуз карданд. Тахмине вуҷуд дорад, ки ин амал аз ҷониби гурӯҳи ҷосуси олмонии Виктор Эдуардовиз Верман роҳандозӣ шуда буд. Ҳамин фарзияро то ҷойе таҳқиқе, ки соли 1990 кормандони бойгонии марказии Хадамоти Федералии Бехатарии Русия А.Черепков ва А.Шишкин гузарониданд, тасдиқ мекунад. Онҳо баъди омӯзиши маводҳои бойгонӣ ба хулосае расидаанд, ки маҳз аъзои гурӯзи ёдшуда бо номи “Назорат К”, ки соли 1933 дар Иттиҳоди Шӯравӣ ошкор ва фаъолияташон фош шуда буд, ин таркишро дар киштии “Малика Мария” анҷом додаанд. Соли 1918 бо пешниҳоди капитан-лейтинант Клосс барои роҳандозии корҳои тахрибкорӣ ва муввафқият дар он Виктор Верман бо Салиби оҳании дараҷаи 2   мукофотонида шуд.

Баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави Шӯравӣ Верман дар шаҳри Николаев монд ба амалҳои тахрибкоронаи худ ба нафъи Олмон идома дод. Ваколатдори ГПУ Александр Лукин, ки баъдан чун нависанда ҳам машҳур шуда буд, парвандаи Верман ва гурӯҳи ӯро таҳқиқ кард. Дар ҷараёни пурсишҳо Верман ба гуноҳони худ иқрор шуда буд. Баъдҳо Лукин дар ин бора повести “Хомӯшии фиребдиҳанда”-ро навишт. 

барчасп: