Январи гарм дар Аврупо. Ҳаво дар 8 кишвари ин қора ба ҳадди рекордӣ гарм шуд

Аз аввали моҳи январ гармои ғайриинтизор кишварҳои Аврупоро фаро гирифт ва дар баъзе минтақаҳо ин гармӣ ба ҳадди рекордӣ расид. Нархи биржавии газ ба ҳадди то замони ҷангӣ поин рафт. Лаҳистон, ки дар асл як кишвари чандон гарм дар фасли зимистон аст, рӯзи якшанбеи гузашта 19 дараҷа гарм буд. Дар шаҳри испонии Билбао ҳамон рӯз дамои ҳаво ба  +25 дараҷа расид, ки он дар қиёс ба рӯзҳои аввали моҳи январ 10 дараҷа зиёд буд.

Дар Нидерландия, Лихтенштейн, Литва, Латвия, Ҷумҳурии Чех, Дания ва Белорусия низ дамои ҳаво ба ҳадди рекордӣ расид. Дар Олмон, Фаронса ва Украина низ ҳавои гарм ба қайд гирифта шуд.

Тафреҳгоҳҳои лижаронии Алп аз бебарфӣ беистироҳаткунандагон монда ва дар доманакӯҳҳо алакай сабза медамад.

Дар Варшава рӯзи 1 январ ҳаво 4 дараҷа бештар аз январи соли гузашта гарм буд. Дар Белорусия дамои ҳаво +16,4 дараҷа буд, ки ин дар қиёс ба январи соли гузашта 4,5 дараҷа зиёд аст.

Гармои шадиди зимистонӣ на дар ҳамаи кишварҳои Аврупо дар назар дошта шудааст. Масалан, зарфи чанд рӯзи оянда дар Скандинавия ва Русия бориши шадиди барф пешбинӣ мешавад. Обуҳавосанҷон аз сармои сахту пурбориш дар ин минтақаҳо хабар додаанд.

 Британия, Ирландия, Фаронса ва Испания ахиран иқлими соли 2022-ро ҷамъбаст карданд ва эълон шуд, ки он дар таърихи солҳои охир гармтарин сол буд.

Дар Британия ҳамаи моҳҳо, ба ҷуз декабр моҳҳои гарм буданд. Моҳи декабр як ҳафта ҳаво сард шуд, барф ҳатто дар қисматҳои ҷанубии ин кишвар борид.

Бар асари гармо дар зимистон талабот ба газ дар кишварҳои Аврупо кам шуд. 

Донишмандон ба ин назаранд, ки дар ояндаи наздик бар асари таъсири инсон ба иқлим обу ҳаво боз ҳам гармтар мешавад.

Албатта, ҳавои гарм барои Аврупо дар зимистон хуб аст, вале тобистон ин гармо зироатро нобуд мекунад ва боиси паҳн шудани ҳар гуна бемориҳо мешавад. 

барчасп: