Ҳалокати 62 нафар дар заминларзаи Индонезия

Бар асари заминларзаи шадид дар ҷазираи Ҷоваи Индонезия ҳаддиақал 62 нафар ба ҳалокат расиданд ва садҳо тани дигар захмӣ шуданд. Ҳазорон нафар аз хонаҳои худ ба маконҳои амн фирор намуданд. Ин заминларза дирӯз рух додааст.

Агентии миллии рафъи паёмадҳои заминларзаи Индонезия (BNPB) омори қаблан эълоншуда дар мавриди ҳалокати 162 нафарро рад кард ва гуфт ин омор ҳанӯз тасдиқ нашудааст. Пештар кишвардори минтақавӣ Ридуан Комил ҳамин рақамро барои хабаргузориҳо ироа карда буд. 

Хадамоти геологии ИМА ахиран қувваи ин зилзиларо 5,6 балл эълон кард ва гуфта мешуд, ки маркази он шаҳри Чианджур, дар қисмати ғарбии ҷазира, дар қаъри 10 км буд.

Одамони зиёде то кунун бо ҷароҳатҳои гуногун дар беморхонаҳо бистарӣ шуданд, барои бисёриҳо лозим меояд дар кӯча кумаки аввалия расонда шавад. Наҷотдиҳандагон вайронаҳоро аз назар мегузаронанд, то зери хоку девор мондагонро пайдо ва наҷот диҳанд.

Ноҳияе, ки заминларза воқеъ шуд, як бахши серҷамъияти ин кишвар аст. Хонаҳо аксаран бидуни риояи қоидаҳои бехатарӣ сохта шуда буданд ва дар ин такони шадид комилан фурӯ рафтанд.

Кишвардори Ҷоваи Ғарбӣ Ридуан Комил изҳор дошт, ки 326 нафар захмӣ шуданд. Аммо вай гуфт эҳтимолан шумори захмиён меафзодя.

Ин мақоми давлатӣ ҳамчунин изҳор дошт, ки беш аз 13 ҳазор нафар хонаҳои худро такр кардаанд ва бештар аз 2 ҳазор хонаҳо хароб шудаанд. 

Дар Индонезия заминларза зиёд рух медиҳад, чун ин кишвар дар “ҳалқаи оташӣ”, ки як минтақаи аз ҷиҳати тектоникӣ фаъоли уқёнуси Ором, ҷойгир шудааст.чунончӣ, дар натиҷаи заминларзаи шадид дар ҷазираи Сулавеси дар соли 2018 бештар аз 2 ҳазор нафар ҷони худро аз даст дода буданд.  

барчасп: