Оё ҳавои номусоид метавонад раванди таърихро тағйир диҳад?

Иброҳими Раисӣ

Ҳалокати Райисиҷумҳури Эрон доктор Иброҳими Раисӣ бо ҷумла ҳамроҳонаш дар як сонеҳаи чархбол дар шабакаҳои иҷтимоӣ гӯмагӯиҳои зиёдеро ба миён овард. Ин чархбол бино ба иттилои расмии мунташиршуда бар асари обу ҳавои номусоид сарнагун шуд ва кулли сарнишинонаш кушта шуданд. Аммо ҳастанд касоне ҳам, ки ин рӯйдодро ба ким-кадом амали террористӣ иртибот медиҳанд. Дар ҳоле ки таърих ин гуна ҳаводисро зиёд дар ёд дорад. Ҳаводисе, ки бар асари ҳавои номусоид на танҳо шахсиятҳои машҳур ҳалок шуданд, балки бузургтарин тарҳҳои ҷангиро ба бод доданд.

"Обу ҳаво таърих месозад” - чунин ном дорад китоби Роналд Де Гарсте. Ин китоб дар бораи фалокатҳои табиие нақл мекунад, ки ба ҷараёни таърихи башар, ҳаракати қувваҳои мусаллаҳ, ҷараёни ҷангҳо ва сарнавишти империяҳо таъсири ҷиддӣ доштанд.  Сухан аз таърих аст, аз вабо дар замони императори Византия Жустианин, суқути тамаддуни Майя, торумор шудани Армадаи испанӣ, ҷангҳои бешарафонаи замони Наполеон ва Ҳитлер, обхезиҳои мудҳиш, тӯфонҳо, хушксолиҳо ва ғайра...

Шикасти Армадаи испаниёӣ

Юриши флотилияи (мачмуи киштиҳои ҳарбии ягон дарьё, кул ва соҳилҳои баҳр. Навъе аз тақсимбандии нерӯҳои дарёӣ) “Армадаи шикастнопазир” дар соҳилҳои Британия яке аз фоҷеаҳои мудҳиши таърихи ҷангҳои башарист. Аз аввалин рӯзҳои ҳамлаву юриш обу ҳаво номусоид буд ва бахусус барои испаниҳо хатарҳои зиёде ба дунбол дошт.  

Моҳи ноябри соли 1578 тӯфони басо шадид ба флотилияи испониҳо, ки дар остонаи омодагиҳо ба ҳамла қарор дошт, зарба зад. Вай ба бештар аз сад киштии ҷангӣ зарар расонд. Тӯфонҳои моҳи март ва шамолҳои пуршиддати моҳи май қувваҳои Армадаро заъифтар карданд.

Он замон инлисҳо муваффақ шуда буданд, ки дар ин ҷанг ҳудудан 200 киштии худро омода созанд, вале боз ҳам бо вуҷуди талафот дар тӯфон киштиҳои испонӣ аз ҷиҳати шумора бартарӣ доштанд. Бартарии онҳо бар киштиҳои ҷангии испониҳо ин зудҳаракатии онҳо буд. Маҳз ҳамин ҷиҳат ва ҳавои номусоиду тӯфонҳои шадид ва бодҳои вайронгар сабаби торумор шудани “Армадаи мағлубнопазир” шуда буд.

Киштиҳои испонӣ бо фирор аз ҳамлаи англисҳо ба обҳои кушод рӯ оварданд ва шамоли шадид ба испаниҳо барои бозгашташон ба соҳилҳои Британия халал расонд. Голфстрим (анг. Gulf Stream – як ҷараёни уқёнусии гарм ва қавӣ аст, ки дар уқёнуси Атлас ҷараён дорад ва ҳарорати қисмати болоии он  +25… +26 °C буда, дар қаъри то 400 метр +10… +12 °C мебошад) бошад, монеъи бозгашти ин киштиҳо ба соҳилҳои Испания шуд. Ҷараён монеъи он гардид, ки флотилия ба ҷануб ҳаракат кунад. Ва баъдан тӯфонҳои шадид дубора оғоз шуданд ва дар натиҷа киштиҳои зиёди ҷангиёни испонӣ ба сахраҳои соҳилҳо ва тункобаҳои соҳилҳои Ирландия партоб шуданд.

Аз ин муҳориба ба ниме аз киштиҳои Армада муяссар гардид, ки ба ватан баргарданд. Ва танҳо 7 киштиро метавон гуфт, ки талафоти саҳнаи ҷанг буданд, боқимонда киштиҳо бар асари ҳавои номусоиду тӯфонҳо ва бодҳои вайронгар харобу валангор ва ба қаъри об рафтанд ва ё дар сахраҳо нокоромад шуданд.

Бештар аз 5 ҳазор маллоҳону сарбозон ғарқ шуданд, садҳо нафар бар асари ҷароҳатҳо ва бемориҳо ба ҳалокат расиданд. Ҳарчанд қувваҳои баҳрии Испания баъди ин муоҳирабаи шадид пурра торумор нагардид ва баъдҳо испониҳо ба бритониёиҳо зарбаҳои дигари эҳсосшаванда ҳам заданд, вале шикасти “Армадаи шикастнопазир” оғози нокомиҳову заъфи қувваҳои дарёии Испания буд ва баъди ин муддати сесад соли оянда Британия ҳокими бебадали баҳрҳо дар минтақа буд. 

АБЛАҲОН ВА РОҲҲО

Ҳавои номусоид бештар Наполеонро ноком кард. Албатта, муаррихон ба ин назаранд, ки боронҳои пуршиддат таъсири камтаре дар шикасти артиши Наполеон дар Ватерлоо дошт, вале бо вуҷуди ин арзёбиҳо метавон гуфт, ки барои сарбозону ҷангиёни артиши фаронсавиҳо боду ҳаво таъсире дошт.

 Таҳлилгарон ин нуктаро исбот кардаанд: таъсири тири артилерияи фаронсавиҳо дар аввали муҳориба ба ин сабаб хеле заъиф буд, ки гулӯлаҳо ба замини намнок бармехӯрданд ва лойю замини нарм шикастапораҳо ва ҳатто мавҷи зарбаро фурӯ мебурд ва он шикастаҳои гулӯлаи артилерия, ки мебоист ба ҷони одамон хатар дошта бошад, дар замин мемонд.  Албатта, лойи зери по ба ҳаракати артиш халал мерасонд, вале қувваҳои Наполеон бар асари тактикаи ҷангии интихобкардаи Император то ҳадде аз ҳавои номусоид ҳам зарар дид.

Муаллифи китоби ёдшуда дар бораи шикасти Наполеон ва таъсири обу ҳаво дар ҷанги ӯ дар Русия боби алоҳида бахшидааст. Муаллиф маводи бойгониҳоро омӯхтааст, садҳо хотираҳои сарбозону афсарон ва таҳлили коршиносонро варақ задаву ба хулосае омадааст, ки обу ҳаво як омили ҳалкунанда дар шикасти Наполеон дар Русия будааст. Вале на омили ягонаву аслӣ. Ин ҷо аз ҷасорати сарбозони рус, хезишҳои мардумӣ, тактикаи оқилонаи ҷангии Барклая-де-Толли (фармондеҳи ҳарбии руси насабаш шотландиву олмонӣ) ва баъдан Кутузов (Михаил Илларионович Кутузов - генерал-фелдмаршал, фармондеҳи рус, ходими давлатӣ ва дипломати маъруф) метавон гуфт, ки билохира Наполеонро ба ақибнишинӣ ва шикаст водор намуд. 

Аммо артиши 600-ҳазораи Наполеонро на зимистони рус, балки ҳавои баҳору тобистон бештар ба шикаст расонд. Аниқтараш омодагии нокифояи фаронсавиҳо дар ҳамла ба Русия ва ба назар нагирифтани фалокатҳои табиӣ. Моҳи июли соли 1812 дар оғози ҳамла тобистони басо гарм ба истиқболи онҳо шитофт, ки ин барои сарбозони артиш пуразоб ва барои аспҳо, ки дар оғоз то 150 ҳазор сар буданд, кушанда буд. Алаф аз гармову беоби сӯхтаву чоҳҳои об хушкида буданд ва аспҳо асосан бе ғизо монданд. Ҳазорон ҳазор асп дар кутоҳмуддат ба ҳалокат расиданд ва ҷасади аспҳои мурда дар имтидоди роҳи ҳамла ба Москав мехобиданд.

Охири моҳи июл дар оғози ҳамла аллакай 80 ҳазор сарбозону афсарони артиши Наполеон ҳалок шуд. Аммо аксари онҳо на бар асари ҷароҳати ҷангӣ, балки аз доманаву дигар бемориҳои сирояткунанда кушта шуданд.

Ҳавои гарм, ки то ба 40 дараҷа мерасид, Наполеонро водор кард дар тактика ва нақшаи ҷангии худ тағйирот ворид созад ва муддатеро барои истироҳат дар Витебск паси сар кунад. Ва ҳамин истироҳат боис шуд, ки баъдан дар як ҳамла вай Смоленскро ба тасарруф даровард. Вале ҷангҳои баъдӣ, бахусус муҳорибаи Бородино камари артиши Наполеонро шикаст. Наполеон илоҷи дигаре надошт, ба ҷуз ин ки талош кунад ақалан шумори боқимондаи сарбозонашро аз марг бар асари сармои шадиду норасоии аспҳо ҷиҳати интиқоли силоҳу муҳимот ҳифз намояд.

Миёнаҳои моҳи октябр вай Москавро холӣ кард ва ақиб нишаст. Вале боз ҳам ҳавои номусоид  халал расонд, боронҳои давомдор оғоз шуданд, роҳҳо саросар лой ва ҳаракат мушкил шуд, 4-уми ноябр аввалин барф ҳам борид. Зимистони сард оғоз гардид. Ва маҳз ҳамин ҳавои сарду бориши барфу борон сарнавишти артиши Наполеон ва дар умум империяи қудратманди вайро ҳал кард.

Русҳо ба ҳамлаи шадид гузаштанд...(Манбаъ: https://www.dw.com/ru)

Таҳияи Бобоҷон ШАФЕЪ

барчасп: