Ҳалокати ронанда ва ду мусофир дар садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Конибодом
Чоп шуд: 13/05/2024 | redaktorНаҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайомадҳои садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Конибодомро бартараф карданд.
12 майи соли 2024, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории КҲФ дар бораи рух додани садама дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мегузарад, хабар расид.