Ҳалокати ронанда ва ду мусофир дар садамаи мошин дар роҳи Душанбе-Хуҷанд-Конибодом

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайомадҳои садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Конибодомро бартараф карданд.

12 майи соли 2024, соати 20:30 ба вақти маҳаллӣ ба қисми навбатдории КҲФ дар бораи рух додани садама дар шоҳроҳи Хуҷанд-Конибодом, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳутӣ мегузарад, хабар расид.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар вилояти Суғд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, маълум карданд, ки ронандаи 40-солаи мошини тамғаи Toyota Avensus, сокини шаҳри Исфара аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба як мошини «Lexsus» бархӯрдааст. Дар натиҷаи садама ронанда ва ду мусофир дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз таҷҳизоти махсус ҷасади ронанда ва ду мусофирро аз мошини ғарқшуда берун оварда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд ва тамоми қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя кунанд.

барчасп: