Activities calendar

27 майи 2024

КҲФ: Расман дар бораи селҳо ва дар қаламрави кишвар дар рӯзҳои истироҳат

Ноҳияи Варзоб. 25 майи соли 2024 наздик ба соати 13:30 дар ҳудуди деҳаи Шодоб-1 ҷамоати деҳоти Чорбоғ боронҳои пуршиддат сабаби омадани сел аз теппаҳо шуд. Дар натиҷа 15 хоҷагии ёрирасони сокинон ва роҳи деҳа зери об монд. Таҳхонаи 5 сокинони деҳа низ пур аз селоба шуд.

Барои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ

Ҳалокати ду ноболиғ дар ду рӯз. Волидони муҳтарам! Фарзандонатонро беназорат нагузоред!

Рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Тоҷикистон аз беэътиноии волидон ду кӯдак ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба падарону модарон муроҷиат мекунад, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд.

25 майи соли 2024 наздик ба соати 11:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ як духтари 12-сола, сокини деҳаи Қизилсуи ҷамоати