Боз як наврас, ки мехост дар ин ҳавои боронӣ чукрӣ чинад, ба ҳалокат расид
Чоп шуд: 17/05/2024 | admin15 майи соли 2024 наздик ба соати 19 як сокини 13-солаи деҳаи Сорбоғи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо мақсади ҷамъоварии чукри ба кӯҳе рафт, ки дар наздикии деҳаи онҳо ҷойгир буд.
Бар асари борони пуршиддат замин лағжонак шуда буд. Ин писарибача ҳангоми чукричинӣ лағжид ва ба дарёи Кофарниҳон сарозер шуда, ғарқ гардид.