Activities calendar

12 майи 2024

Душанбе дар рӯзҳои боронӣ (ВИДЕО)

Борони пуршиддати рӯзҳои охир сокинони пойтахти кишвар, Душанбеи зебоманзарро гӯё дар ғафлат ёфт. Ба ҳадде ин борон шадид буд, ки назираш ҳаддиақал тайи даҳ соли охир дида нашуда буд. Хиёбонҳо лабрези об, ҷӯйборҳои танги кӯчаву паскӯчаҳо дигар маҷоли онро надоштанд, ки мавҷи пурталотуми оби боронро дар худ ҷо диҳанд ва онро чун як воридаи нолозим аз соҳилҳои худ берун меафканданд.

КҲФ: Хабари тарма дар ВМКБ ва омадани сел дар Нуробод

9 майи соли 2024  соати 13:38 дар километри 29-уми роҳи мошингарди Рӯшон Рушан-водии Бартанг, ки аз ҳудуди деҳаи Хиҷези ҷамоати деҳоти Бартанг мегузарад, тарма муваққатан роҳро баст.

КҲФ: Чор ҳодисаи сабтшуда дар обҳои кишвар, ки мутаассифона, одамон ҳалок шудаанд

24 соати охир наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар чаҳор амалиёти наҷот дар об иштирок намуда, як марди 76-соларо наҷот доданд.

9-уми майи соли 2024 соати 14:10 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ дар бораи марде хобида дар ҷазираи хурде воқеъ дар дарёи Қаратоғ хабар доданд. Ин мард аз ҳудуди деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода дида мешуд.