Душанбе дар рӯзҳои боронӣ (ВИДЕО)

Борони пуршиддати рӯзҳои охир сокинони пойтахти кишвар, Душанбеи зебоманзарро гӯё дар ғафлат ёфт. Ба ҳадде ин борон шадид буд, ки назираш ҳаддиақал тайи даҳ соли охир дида нашуда буд. Хиёбонҳо лабрези об, ҷӯйборҳои танги кӯчаву паскӯчаҳо дигар маҷоли онро надоштанд, ки мавҷи пурталотуми оби боронро дар худ ҷо диҳанд ва онро чун як воридаи нолозим аз соҳилҳои худ берун меафканданд.

Дар баъзе кӯчаву хиёбонҳо борони сел ҳаракати нақлиётро на танҳо номумкин кард, балки барои як муддате ин равуо қатъ шуд. Касе ҷилави мошинҳоро намегирифт, ҳеч амре барои қатъи ҳаракат набуд, балки ин мошинҳо худ тавони пеш ҳаракат кардан надоштанд.

Манзараи ду рӯзи охир дар дурбини телефонҳои мобилӣ ва наворҳои пахшшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ баръало намудор аст. Шукр, ки ин ҳама обхезиҳои бесобиқа дар пойтахти кишвар талафоти ҷонӣ надоштанд. Аммо хосороте ба соҳибони хонаҳо, кӯчаву гулгаштҳо ворид шуд, ки ҳоло Комиссияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи чор ноҳияи пойтахт саргарми баршумурдани онанд.

Он чӣ дар зер меояд, фишурдае аз гузоришҳои расида ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

НОҲИЯИ ШОҲМАНСУР:

10  майи соли 2024,  дар натиҷаи  боридани боронҳои  пуршидат оби селроҳаи Қаротегин лабрез гардида, ба роҳи автомобилгарди кӯчаи Айнӣ  ворид шуд.

Барои бартараф намудани ҳолати баамаломада, бо истифода аз 9 адад техникаи Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия роҳ тоза карда шуд.

Тахминан соати 20:51 дақиқа дар маҳалаи Бӯстон сатҳи оби селроҳаи Қаротегин дубора баланд гардида,  ба саҳни ҳавлии шаҳрвандон ва роҳи мошингарди маҳаллаи мазкур, роҳи мошингарди кӯчаи Айни (шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат) ворид шшуда, ҳаракати нақлиётро муваққатан номумкин кард. Ҳолати баамаломада аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур пурра бартараф гардид. .

НОҲИЯИ И.СОМОНӢ:

10  майи соли 2024 дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ва  боридани борони пуршиддат дар кӯчаи Шӯраксой хонаи №486 дарахти чанор  ба болои айвони шаҳрванд Замира Раҷабова чаппа шуд. Ҳолати ба амаломада бо қувваи аҳолии кӯчаи мазкур  бартараф карда шуд. Талафоти ҷонӣ ва зарар ҷисмонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар хиёбони Рӯдакӣ, назди корхонаи ҶДММ «Сементи Тоҷик» дар роҳи мошингузар об ва лой баромада, мувақатан ҳаракати автомашинаҳоро халалдор кард.

Аз ҷониби Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе, Раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳия ва Раёсати обёрии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳолати баамаломада бартараф карда шуд.

Дар маҳалаи Варзоб ГЭС кӯчаи Навабод сатҳи оби селпартои маҳаллаи мазкур баланд гардида, дар натиҷа пули одамгузар бо пуррагӣ вайрон гардид.

Дар саршавии маҳаллаи Куҳдомани кӯчаи Анзоб такшингоҳҳои Қиблаӣ ва Қамчин мавҷуд буда, обҳо аз талу теппаҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ ҷорӣ шуда тавассути селпартои Анзоб мегузаранд. Дар натиҷаи боришоти борони пуршиддат такшингоҳои мазкур аз обу лой пур шуда, эҳтимолияти рахнашавии онҳоро ба миён овар.   

Бо мақсади бехатарии истиқоматкунандагони кӯчаи мазкур аз тарафи намояндагонӣ Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ва МД «Раёсати обёрии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе» аҳолии кучаи мазкур, ки дар назди ин селроҳа истиқомат мекунанд (105-нафар шаҳрвандон ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва хонаҳои хешовандонашон) мувақатан эвакуатсия карда шудаанд. Ҳолати баамаломада таҳти назоратӣ сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қарор дошта, корҳои бехавфгардонии такшингоҳҳо идома дорад.

Инчунин, бинобар сабаби боришоти борон ва омадани сел дар дарёи Харангон сутунҳои пули мошингузари кучаи Алхитой маҳаллаи Сабзазор, ки дар шафати истироҳатгоҳи кудаконаи “Орзу”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад, зарар дида, як қисмати болоии он фурӯ рафта, тахминан ба 15-20 метри садди обгузари шаҳраки таълимии Харангони Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе зарари ҷиддӣ расонд. Айни замон пули мазкур пурра дар ҳолати садамавӣ қарор дошта ба рафту омади аҳолӣ мушкилиҳоро ба миён овардааст.

Ҳамзамон, дар натиҷаи баландшавии оби дарёи Харангон дар маҳалаи Сабзазор, кучаи Алхитой соҳилҳои дарё дар шафати хонаҳои истиқоматӣ (инчунин масҷиди маҳалла) зарар дидаанд. Аз ҷониби Раёсати сохтмони роҳу пулҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо воситаи 5  автомашинаи боркаши “Дулан” омехтаҳои бетону шағал кашонида шуда, барои бехатар намудани маҷрои об ва мустаҳкам намудани соҳили дарё  хобонида шуд.

Ғайр аз ин   дар натиҷаи боришоти зиёд сатҳи оби  дарёи Варзоб ва селгузари Дуғоба баланд гардида, хатари шусташавии соҳили чапи дарёро дар рӯбарӯи СНБО-Варзоб №1 ва роҳи автомобилгарди Душанбе-Хуҷандро ба миён овард. Ҷиҳати бехатарии роҳи автомобилгарди Душанбе - Хуҷанд дар мавзеъи зикргардида кувва ва воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, Раёсати сохтмони роҳу пулҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Раёсати сохтмони барои бартараф кардани ҳолати ба миёномада сафарбар шуд.

НОҲИЯИ СИНО

10 майи  соли 2024, дар таҳхонаи бинои афсарони Гвардияи миллӣ воқеъ дар маҳалаи Ҳуснободи ноҳияи Сино тақрибан 40-50 см об ворид гардида буд. Ҳолати баамаломада аз ҷониби гӯруҳи Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат бо истифода аз насосҳои обкашонӣ бартараф карда шуд.

Илова ба ин дар натиҷаи борони пуршидат оби сел ба зери пули ду қабатаи мошингузар воқеъ дар кӯчаи Н.Махсум тахминан 50-60 см ҷамъ гардида буд.

Аз ҷониби Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе якҷо бо сохторҳои дахлдори ноҳия  ҳолати баамаломада бартараф гардид.

НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ

Рӯзҳои  10-11уми майи соли 2024, дар таҳхонаи бинои истиқоматии №76 воқеъ дар кучаи Н.Қарабоев ноҳияи Фирдавсӣ тақрибан 1 метр об ворид гардидааст.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардид.

Гуфтанист, ки ҳодисаҳои ёдшуда дар қаламрави Душанбе талафоти ҷонӣ надоштанд ва ҳаҷми зарари расида аз ҷониби  Комисияҳои ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияҳои шаҳри Душанбе муайян карда мешавад.

барчасп: