Activities calendar

30 майи 2024

Ширкати Раиси КҲФ дар мулоқоти «Осиёи Марказӣ – Чин»

30 майи соли 2024 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи аввалини роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ-Чин» оғоз шуд. Дар кори он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок дорад.
Дар ҷаласа Сарвари КҲФ суханронӣ кард ва...

Замимаи мобилии «SOS” дар мактабҳои олӣ рӯнамоӣ шуд

29 майи соли 2024 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии шаҳри Душанбе мулоқот карданд ва онҳоро бо замимаи мобилии барномаи «SOS” шинос намуданд. Ба онҳо дар бораи роҳу шеваҳои пайваст шудан ба барномаро амалан нишон доданд. Ин замимаи мообилӣ барои ҳамаи касонест,

Давраи омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони ҷавон дар Қаратоғ оғоз шуд

Дар Маркази миллии омӯзишии омодасозии наҷотдиҳандагон воқеъ дар Қаратоғ 10 нафар имдодгарони ҷавони КҲФ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Қарор аст то 8-уми июни соли 2024 ба наҷотдиҳандагон бо истифода аз як қатор таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ва таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ усулҳои наҷоти фаврӣ