Замимаи мобилии «SOS” дар мактабҳои олӣ рӯнамоӣ шуд

29 майи соли 2024 кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодон ва донишҷӯёни муассисаҳои таълимии олии шаҳри Душанбе мулоқот карданд ва онҳоро бо замимаи мобилии барномаи «SOS” шинос намуданд. Ба онҳо дар бораи роҳу шеваҳои пайваст шудан ба барномаро амалан нишон доданд. Ин замимаи мообилӣ барои ҳамаи касонест, ки бо амри тасодуф дар гирдоби ин ё он ҳодисаи фавқулода мондаанд.

Кормандону мутахассисони Кумита ин вохӯриҳоро дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Сино, Донишгоҳи Русия ва Тоҷикистон (славянӣ) ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод ва Академияи давлатии идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарониданд.

Дар ин дидору мулоқотҳо кормандон ва мутахассисони КҲФ барномаи ёдшударо аввал рӯнамоӣ карданд, афзалияту бартариҳои онро гуфтанд. Аз ҷумла иброз доштанд, ки ин сервис чун ёвар барои таъмини амнияту бехатарии ҳар шахс таҳия ва роҳандозӣ шудааст.

Онҳо қайд карданд, ки барнома ба шумо дар фавран пайдо кардани маълумот дар бораи чӣ кор кардан дар ҳолати фавқулода кӯмак мекунад ва ҳам дар хона ва ҳам дар истироҳат муфид хоҳад буд.

Дар барнома корбар метавонад ба хадамоти наҷот занг занад ва инчунин макони ҷуғрофии ҳодисаро бигӯяд. Барои дарёфти маълумоти муфассал корбар метавонад ҳамеша зуд ба саҳифаи портали расмии КҲФ Тоҷикистон ворид шавад.

Замимаи мобилии бехатарии «SOS» аз ҷониби мутахассисони КҲФ якҷо бо Ширкати миллии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ таҳия шуда, барои боргирии ройгон дар онлайн-мағозаҳои Google Play, App Store дастрас буда, дар системаҳои мобилии  iOS ва Android муваффақона кор мекунад.

барчасп: