Ҷаласаи фаврии РЕАКТ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 22/05/2024 | admin21 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел бо иштироки намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ Ҷаласаи ғайринавбатии гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд.