Роҳи Лаби Ҷар –маркази Сангвор боз шуд

Тавре қаблан ҳам Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода буд, бо сабаби боронҳои шадиди рӯзҳои 16-18 майи соли 2024 ба километрҳои 1, 9, 11, 13, 14, 15, 18, 21, 36, 39, 43, 44, 45, 46 ва 55  роҳи мошингарди Лаби Ҷар - маркази ноҳияи Сангвор, инчунин дар километрҳои 1, 4, 8 ва 22 роҳи автомобилгарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ сел омад ва дар натиҷа лойю лойоба ва сангу рег роҳро баст.

Кормандони Вазорати нақлиёт барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ корҳои зиёдеро анҷом доданд ва 21 майи соли 2024 соати 23:01 роҳҳо пурра аз селовардаҳо тоза карда шуда, ҳаракати нақлиёт таъмин гардид.

барчасп: