Ҷаласаи фаврии РЕАКТ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

21 майи соли 2024 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Кумита, генерал-полковники милитсия Р.Назарзода ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон ҷаноби Ленни Монтиел бо иштироки намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалӣ Ҷаласаи ғайринавбатии гурӯҳи арзёбиҳои фаврӣ ва ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулодда (РЕАКТ) баргузор шуд.

Мақсади баргузории ҷаласаи фаврӣ ҳамоҳангсозӣ ва роҳандозии амалиётҳои муштарак барои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда дар ҳудуди вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, расонидани ёриҳои имконпазир ба аҳолии зарардида буд.

Ҷаласа бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндаи доимии СММ дар Тоҷикистон даъват шуд.

Дар оғози ҷаласа, Раиси КҲФ дар бораи рафти корҳои бартарафсозии паёмадҳои офатҳои табии рӯзҳои охир дар қаламрави ҷумҳурӣ маълумот дод. Вай гуфт, ки тӯли ин рӯзҳо сел дар манотиқи гуногун вайрониҳои зиёд овард ва хоҷагиҳо зарар диданд, пулҳо хароб шуданд, роҳҳо вайрон шуданд. Ҳоло кулли воситаву имконоти дар ихтиёрбуда барои рафъи оқибатҳои сел равона шудааст. 

Қайд карда шуд, ки дар айни замон ба аҳолии зарардида ёрии аввалин дар шакли маҳсулоти хӯрокворӣ, бастаҳои беҳдоштӣ, воситаҳои дезинфексионӣ, лавозимоти ошхона ва барои корҳои кишоварзӣ барои кишти такрорӣ ба даст овардани тухми картошка, пиёз, сабзӣ, ҷуворимакка, гандум ва дигар зироатҳои кишоварзӣ зарур аст.

Роҳбарон ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ омодагии худро барои кӯмак ба зарардидагон эълон кардан.

барчасп: