Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми зарари расида аз офатҳои табиӣ дар Нурободро муайян кард

21 майи соли 2024 гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Нуробод муайян кард, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир 77 оила зарар дидаанд. Аз ҷумла, 8 хоҷагӣ пурра, 4 хоҷагӣ қисман ва ба 23 иншооти ёрирасон низ осеб арсидааст.

Бо ёрии 1 адад техникаи муҳандисӣ дар тӯли 2 км роҳ аз соҳили дарёи Сурхоб то деҳаи Яхак ҳамвор карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки 280 сокини деҳа хашар ташкил карда шуда, кӯчаҳо ва роҳҳо аз гилу лой тоза карда шуд.

Бо мақсади мустаҳкам кардани қаламрави атрофи пули мошингузари деҳаи Яхак, Кумита 410м2 симтури габионовӣ ва 5000 литр сӯзишвории дизелӣ ҷудо кард, ки барои рафъи паёмадҳои офати табиӣ истифода мешавад.

Ба оилаҳое, ки дар натиҷаи офати табиӣ зарар дидаанд, 10 маҷмӯи асбобҳои ошхона ва 10 бастаи беҳдоштӣ ҷудо карда шуд. Илова бар ин, аҳолии аз офатҳои табиӣ зарардида 3 маротиба бо хӯроки гарм таъмин карда мешаванд.

Ба сокинони осебдидаи ноҳияи Тоҷикобод хӯрока ва матрасҳо кумак карда шуданд. 

Корҳои рафъи оқибатҳои офати табиӣ таҳти роҳбарии кормандони Кумита идома доранд.

барчасп: