30 майи соли 2024 дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаласаи аввалини роҳбарони идораҳои ҳолатҳои фавқулодаи «Осиёи Марказӣ-Чин» оғоз шуд. Дар кори он Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок дорад.
Дар ҷаласа Сарвари КҲФ суханронӣ кард ва гуфт: «Бидуни шак ин нишаст ба амиқтар шудани равандҳои ҳамгироӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои байни мо дар самти коҳиши хатари офатҳои табиӣ ва ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки мо ҷиҳати коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиӣ мусоидат мекунад».
Дар мулоқот Ёддошти тафоҳуми таъсиси механизми ҳамкорӣ оид ба идораи ҳолатҳои фавқулоддаи «Осиёи Марказӣ - Чин» ба имзо расид.
Худи ҳамон рӯз мулоқоти раиси Кумита ва Вазири ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Ван Сянси баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба байни идораҳои наҷоти ду кишвар дар самти коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, таълим ва бозомӯзии кормандон ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.