Давраи омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагони ҷавон дар Қаратоғ оғоз шуд

Дар Маркази миллии омӯзишии омодасозии наҷотдиҳандагон воқеъ дар Қаратоғ 10 нафар имдодгарони ҷавони КҲФ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд.

Қарор аст то 8-уми июни соли 2024 ба наҷотдиҳандагон бо истифода аз як қатор таҷҳизоти махсуси наҷотдиҳӣ ва таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ усулҳои наҷоти фаврӣ омӯзонида шавад. Машғулиятҳо аз ҷониби мураббиёни касбии КҲФ ва ҳам мутахассисони идораҳои дигар кишвар гузаронида мешавад. 

Ин давраи омӯзишӣ ба муаррифӣ ва такмили кор дар ҷараёни амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷот дар ҳолати офати табиӣ нигаронида шудааст.

Ин шакли дарсҳо ба насли наврас имкон медиҳад, ки таҷрибаи бебаҳои пешгузаштагони худро беҳтар аз худ кунанд ва малака ва дониши худро васеъ намоянд.

барчасп: