КҲФ: Чор ҳодисаи сабтшуда дар обҳои кишвар, ки мутаассифона, одамон ҳалок шудаанд

24 соати охир наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар чаҳор амалиёти наҷот дар об иштирок намуда, як марди 76-соларо наҷот доданд.

9-уми майи соли 2024 соати 14:10 дақиқа ба Қисми навбатдории КҲФ дар бораи марде хобида дар ҷазираи хурде воқеъ дар дарёи Қаратоғ хабар доданд. Ин мард аз ҳудуди деҳаи Қаратоғи шаҳри Турсунзода дида мешуд.

Барои роҳандозии корҳои наҷот дастаи зудамали хадамоти ҷустуҷӯ ва наҷоти Кумита, кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияҳои Турсунзода ва Шаҳринав сафарбар шуданд.

Чун ба ҷойи ҳодиса расиданд, маълум гардид, ки ин сокини 76-солаи деҳаи Қаратоғ дар ҳоли сархӯшӣ аз шароб дар об уфтод ва ҷараёни пуршӯр ӯро ба ҷазираи хурдакаке, ки дар миёни дарё ҷойгир аст, партоб кард.

Ҳарорати оби рӯдхона дар вақти гузаронидани амалиёти садамавиву наҷот 14-16 дараҷа гарм буд. Наҷотдиҳандагон бо истифода аз ресмони эҳтиётӣ  то назди ин мард расиданд ва ӯро ба соҳил оварданд. Вай ба кумаки тиббӣ ниёз надошт.

Ҳодисаи дуюм дар ноҳияи Айнини вилояти Суғд сабт шудааст.

9-уми майи соли 2024 наҷотдиҳандагони КҲФ дар минтақаи ноҳияҳои Зарафшон пас аз анҷоми корҳои наҷотдиҳии рӯиобиву ва зериобӣ ҷасади як сокини 11-солаи деҳаи Шавадқи Болои ҷамоати деҳоти Дар-Дари ноҳияи Айниро пайдо карданд, ки дар садамаи рӯзи 8 майи соли 2024 дар километри 118 – уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ рухдода ба ҳалокат расида буд. Дар хабар гуфта мешуд, ки ҳангоми сафар аз шаҳри Душанбе ба самти Хуҷанд ронандаи мошини тамғаи «Опел-Зафира» аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва он ба санги азиме бархӯрда, ба дарёи Зарафшон сарозер шуд.

Имдодгарон ҷасади пайдошударо ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Ҳодисаи сеюм дар ҳудуди шаҳри Гулистон рух дод. 9 – уми майи соли 2024 соати 12:40 дақиқаи вақти маҳаллӣ ҳангоми оббозӣ дар обанбори «Баҳри тоҷик» як сокини 15-солаи шаҳри Гулистон ғарқ шуд. Баъди дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса дастаи наҷотдиҳандагони навбатдори Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд эъзом шуд.

Ғаввосони Раёсати КҲФ соати 13:20 дақиқа ҷасадро  пайдо ва ба кормандони милитсия супурданд.

Ҳодисаи чорум дар қаламрави шаҳри Хуҷанд рух дод. Як сокини 14-солаи деҳаи Ёва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми оббозӣ дар Рӯди Сир ғарқ шуд.

Баъди гузаронидани корҳои садамавиву наҷот ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд ҷасади ӯро 500 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо изҳори ҳамдардӣ ба хешу табор ва наздикони фавтидагон аз волидон бо эҳтиром хоҳиш мекунад фарзандони худро беназорат нагузоранд.

барчасп: