9 майи соли 2024 соати 13:38 дар километри 29-уми роҳи мошингарди Рӯшон Рушан-водии Бартанг, ки аз ҳудуди деҳаи Хиҷези ҷамоати деҳоти Бартанг мегузарад, тарма муваққатан роҳро баст. Бо истифода аз 1 адад боркунаки фронталӣ аз МНДРА-и ноҳия соати 14:51 дақиқа роҳ аз тарма тоза карда шуда, ҳаракати воситаи нақлиёт таъмин гардид.
Субҳи 10-уми майи соли равон бар асари боронҳои пуршиддат дар километри 140-уми роҳи мошингарди Ваҳдат-Рашт-Лахш, ки аз қаламрави деҳаи Сариқоши ҷамоати деҳоти Қумдони ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омад. Лойю лойқа ҳамзамон якчанд қитъаи наздиҳавлигии сокинонро пур кард.
Дар айни замон корҳои бартарафсозии паёмадҳои офати табиӣ оғоз шудаанд. Ин сел талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани иназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири омодагиҳои саривақтӣ ба эҳтимоли омадани селҳои хоробкор аз сокинон хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯву заҳбурҳо, каналҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо, сангу регу шағал тоза кунанд. Кумита истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки ҳавои номусоид дар мамлкат то рӯзи 12-уми май боқӣ мемонад.