Боз як наврас, ки мехост дар ин ҳавои боронӣ чукрӣ чинад, ба ҳалокат расид

15 майи соли  2024 наздик ба соати 19 як сокини 13-солаи деҳаи Сорбоғи ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат бо мақсади ҷамъоварии чукри ба кӯҳе рафт, ки дар наздикии деҳаи онҳо ҷойгир буд.

Бар асари борони пуршиддат замин лағжонак шуда буд. Ин писарибача ҳангоми чукричинӣ лағжид ва ба дарёи Кофарниҳон сарозер шуда, ғарқ гардид. 

Ба ҷойи ҳодиса кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд. То кунун ҷустуҷӯи ҷасади писарак натиҷа надодааст.

Кумита борҳо ба волидон муроҷиат карда, аз паёмадҳои беназоратии фарзандони ноболиғашон ҳушдор дода буд. Ҳодисаи рухдода як бори дигар нишон медиҳад, ки калоснсолон ҳамеша  сабабгори чунин беназоратиҳо мешаванд ва ноболиғон худсарона даст ба амалҳое мезананд, ки оқибатҳои нохуш дорад.

Дар чунин рӯзҳои сербориш рафтани ба кӯҳу доманакӯҳҳо на танҳо барои наврасон, балки барои калонсолон ҳам маслиҳат нест.

барчасп: