Селҳои рӯзи гузашта дар қаламрави кишвар

Соли 2024 соати 19:05 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба асари боронҳои пуршиддат аз теппаҳои гирду атрофи деҳаи Дороби ҷамоати деҳоти Қалъаи Дашти ноҳияи Файзобод сел омад. Дар натиҷа лойю лойоба ва сангу рег роҳи мошингарди деҳаро баст. Барои анҷоми корҳои рафъи ҳолати ба миёномада техникаи махсуси хадамоти роҳи ноҳия ҷалб шуд ва соати 20:26 дақиқа роҳ пурра аз селовардаҳо тоза ва ҳаракати мошинҳо аз сар гирифта шуд.

Худи ҳамон рӯз тахминан соати 22:00 дар ҳудуди ҷамоати деҳоти ба номи Б.Раҳимзодаи ноҳияи Рашт бар асари боришоти зиёд аз талу теппаҳои гирду атрофи сел омад. Дар натиҷа, сел се қитъаи наздиҳавлигии сокинонро зери об кард. Дар ҷойи ҳодиса Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия кор мекунад. Ин сел талафоти ҷонӣ надошт.

17 майи соли 2024, тахминан соати 00:10 дар километри 196-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди ҷамоати деҳоти Лангари Шохи ноҳияи Тоҷикобод мегузарад, дар натиҷаи боришоти шадид сел омад. Дар натиҷа ҳаракати мошинҳо муваққатан қатъ гардид. Кормандони хадамоти роҳ бо истифода аз техникаи махсус ба тоза кардани роҳ шурӯъ карданд, вале идома ёфтани борони шадид ҷараёни корҳоро ба мушкил рӯбарӯ кардааст. Айни замон роҳ баста аст

17 майи соли 2024, тахминан соати 02:30-и шаб бар асари боришоти шадид дар километрҳои 94, 96, 104, 109 ва 140-уми шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш, ки аз ҳудуди деҳаи Хумдони ҷамоати деҳоти Сарикоши ноҳияи Нуробод мегузарад, сел омад. Дар натиҷа роҳ барои ҳаракати нақлиёт номумкин гардид. Корҳои тозакунии роҳ идома доранд.

17 майи соли 2024, тахминан соати 04:30 дар километри 1, 36 ва 39-уми километри Душанбе-Лаби-Ҷар-маркази ноҳияи Сангвор, деҳаи Рубодноли ҷамоати деҳоти Чилдарини ноҳияи Сангвор бар асари боришоти шадид ва омадани сел аз талу теппаҳо роҳ муваққатан барои ҳаракати ҳар гуна мошинҳо баста шуд. Дар айни замон корҳои поксозии роҳ идома дорад. Сел талафоти ҷонӣ ва харобии дигар надошт.

КҲФ як бори дигар хотирнишон мекунад, ки бино ба гузориши Агентии ҳавошиносии кишвар ҳавои боронӣ ва хатари омадани селҳо, ярч, резиши санг то 20 май боқӣ мемонад.

барчасп: