Рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Тоҷикистон аз беэътиноии волидон ду кӯдак ба ҳалокат расид. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба падарону модарон муроҷиат мекунад, ки фарзандонашонро беназорат нагузоранд.
25 майи соли 2024 наздик ба соати 11:30 дақиқаи вақти маҳаллӣ як духтари 12-сола, сокини деҳаи Қизилсуи ҷамоати деҳоти Ғалабаи ноҳияи Фархор, ки дар чарогоҳи Чорнови ноҳияи Муъминобод ба падараш дар чорвочаронӣ кумак мекард, зери сел монд.
Ҷасади ин духтари ноболиғ дар селгузари деҳаи Лангари ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Шамсиддин Шоҳин пайдо шуд.
26 майи соли равон як сокини 6-солаи деҳаи ба номи А.Муродови ҷамоати деҳоти Назарови ноҳияи Шаҳритус, ки дар меҳмонии хешовандонаш дар маркази ноҳия қарор дошт, аз беназоратии калонсолон дар дарёи Кофарниҳон ғарқ шуд.
Бо дарёфти хабар ба ҷойи ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон расиданд. Ҷустуҷӯи ҷасад то бегоҳ идома дошт, вале бенатиҷа.
Субҳи имрӯз, 27-май корҳои ҷустуҷӯӣ аз сар гирифта шуданд.
КҲФ аз волидон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, бачаҳои ноболиғи худро ҳаргиз беназорат нагузоранд. Фарзандонатон нури чашмони шумоянд, эҳтиёт кунед, онҳоро аз ҳар гуна хатарҳои эҳтимолӣ ҳифз намоед!