Беш аз сад кишвари олам билохира, баъди гуфтушунидҳои бисёрсола муоҳадаи таърихии ҳифзи Уқёнуси оламро қабул карданд. Ин муоҳада дар назар дорад, ки то соли 2030 30% қаламрави Уқёнуси олам ба ҳудуди ҳифозатшаванда табдил ёбад ва ин имкон хоҳад дод, ки олами наботот ва ҳайвоноти баҳру уқёнус дубора барқарор шавад.
Ин созишномаа рӯзи ҷумъаи гузашта баъди баррасии 38-соата дар дафтари СММ дар шаҳри Ню-Йорк ба имзо расид. Ин гуфтушунидҳо бештар аз 10 сол ба инҷониб идома доштанд ва аз сабаби андешаҳои гуногун дар мавриди ҳақу ҳуқуқҳои моҳидорӣ ва сармоягузории созишнома давлатҳо ҷуръат намекарданд зери он имзо гузоранд.
Охирин Созишномаи ҳифзи ҷаҳонии муҳофизати уқёнусҳо 40 сол пеш, соли 1982 ин Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳо дар баҳр буд. Он ба кулли мамолики олам ҳақу ҳуқуқи баробари машғул шудан ба моҳидорӣ, киштиронӣ ва фаъолиятҳои таҳқиқотӣ медод.
Дар айни замон ҳамагӣ 1,2 дарсади обҳои озод зери ҳифозат қарор доранд.
Бар асари тағйири ҷаҳонии иқлим олами наботот ва ҳайвонони баҳрӣ ҳоли табоҳ доранд. Авҷ ва рушди бесобиқаи моҳидорӣ ва беш аз ҳар вақти дигар фаъол шудани киштиронӣ дар обҳои озод вазъро беш аз ҳар вақти дигар мушкил кардааст. Бино ба маълумоти Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат қариб 10% намудҳои биологӣ дар обҳо зери хатари нобудшавӣ қарор доранд.
Дар қаламравҳои нави ҳифозатшаванда мувофиқи ин созишномаи нав маҳдудиятҳо дар саноати моҳидорӣ, киштигардӣ ва корҳои иктишофии геологӣ ҷорӣ хоҳад шуд. Ин ҷо сухан дар бораи коркарду истихроҷи филиз ва минералҳои гуногун аз қаъри 200 метр ва бештар аз он ҳам меравад. Яъне, ба истихроҷи металҳо аз қаъри уқёнусҳо маҳдудиятҳои ҷиддӣ ҷорӣ хоҳанд шуд.
Пеш аз ин табиатшиносон борҳо бонги изтироб зада буданд, ки корҳои иктишофии пурмағал ва истихроҷи минералҳо боиси заҳролудшавии обҳо шуда ва ба ҳаёти наботот ва ҳайвоноти минтақаҳо таъсири манфӣ расондааст.