Ҳушдор аз хатари лағзиши тармаву резиши санг то 16-уми март
Чоп шуд: 14/03/2023 | redaktorКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон бар асари гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои охир ва боришот дар рӯзҳои баъдӣ то 16-уми марти соли 2023 дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.