Activities calendar

24 марти 2023

Зарари заминларза: 68 сар чорво ба ҳалокат расида, 3 нафар ҷароҳати сабук бардоштанд. Дар Рашту Нуробод 38 хона қисман зарар дидаанд

Ҳамчуноне пештар ҳам хабар дода будем, 23-уми марти соли равон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ду заминларза ба қайд гирифта шуда буд. Заминларзаи аввал нимишабӣ, соати 01:07 дақиқа бо вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он 6-7 километр дуртар аз деҳаи Палдораки ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ буд.

Қувваи заминларза дар маркази он 5-6, дар ноҳияи Рашт 4-5 ва дар шаҳри Душанбе 3-4 балл буд.

Мошини сарозершуда дар канали Сталин: Як зани мусофир ва мошинро берун оварданд. Ҷустуҷӯи ронанда ва ҳамроҳони эҳтимолии ӯ идома дорад

23 марти соли 2023 тахминан соати 16:00 дақиқаи вақти маҳаллӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи садамаи мошин дар қаламрави шаҳри Леваканти вилояти Хатлон хабар расид.

Хабар дода мешуд, ки дар ҳудуди деҳаи Вахши ҷамоати деҳоти Ваҳдати ин ноҳия мошини тамғаи “Мерседес Бенс”, ки аз ҷониби як сокини 27-сола идора мешуд, бо сабабҳои номаълум ба канали ба номи Сталин сарозер шудаву ғарқ гаштааст.