КҲФ: Хатари лағзиши тармаву омадани селҳо бартараф нашудааст. ЭҲТИЁТ КУНЕД!
Чоп шуд: 17/03/2023 | adminКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.