Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз сабаби боло рафтани дамои ҳаво дар ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби ВМКБ хатари лағзиши тарма, омадани селҳо, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад.
Рӯзҳои 19-20 марти соли 2023 бар асари боронҳо эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳои Ёхсу, Қизилсу (ҷанубӣ) ва дарёҳое, ки дар қисмати ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷорӣ мешаванд, вуҷуд дорад.
Дар ҳамин иртибот Кумита бори дигар аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар чунин рӯзҳо ба кӯҳу доманакӯҳҳо барои ҷамъоварии гулу дигар рустаниҳои дорувор нараванд.
Барои пешгирӣ аз вуруди сел ба хонаҳову ҳавлиҳо ва майдонҳои кишт Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад сари вақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хошок, сангу рег тоза кунанд, то об бе монеъа ба маҷрои худ равон шавад.Бори дигар хоҳиш мешавад аҳолӣ дар ин рӯзҳо аз рафтан ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянд ва агар зарурати сафар пеш омад, пас хеле эҳтиёткору ҷиддӣ бошанд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли пеш омадани ин ё он ҳодисаи фавқулода шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои:
93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11 муроҷиат намоянд.