Садамаи мудҳиш дар шаҳри Кӯлоб. Ду мусофир ба ҳалокат расида ва ронанда сахт маҷрӯҳ шудааст
Чоп шуд: 26/03/2023 | adminБино ба гузориши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи гузашта, 25-уми март соати 16:14 дақиқа вақти маҳаллӣ дар кӯчаи “1-уми Май”-и шаҳри Кӯлоб як садамаи мудҳиши мошин рух додааст.
Як мошини боркаши “Дулан”, ки аз ҷониби як сокини 39-солаи деҳаи Заргари шаҳри Ваҳдат идора мешуд, ҳангоми ҳаракат аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба самти шаҳри Кӯлоб ба дарахти канори роҳ бархӯрда, чаппа шудааст. Сабаби ин садама аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.